Супориши Раҳмон ба Аҳмадзода: муддати як моҳ манзилҳои харобшудаи сокинон барқарор шаванд

© пресс-служба Совета Федерации РФПредседатель области Раджаббой Ахмадзода
Председатель области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикстон имрӯз, 5 май бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи роҳбари давлат.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Разҳмон ба раиси вилояти Суғд супориш дод, ки мунтазам аз аҳволи осебдидагон бохабар шуда, дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида пурра бунёду барқарор ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда шаванд.
Қоҳир Расулзода, ба аёдати волидони Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ дар Ворухи Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расид, рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Расулзодаву раиси Хатлон дар Фархор ба аёдати оилаи афсари ҳалокшуда рафтанд
Илова бар ин, супориш дода шуд, ки ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ наздикони худро аз даст доданд, кӯмаки моддию молиявӣ расонида шавад.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмадзода ба Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дода, изҳор доштааст, ки ситоди корӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои барқарор намудани хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол бурда истодаанд.
Раиси вилояти Суғд муваззаф гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои фаврии роҳбари давлатро зери назорат гирифта, аз натиҷаҳои он ба Ҳукумат дар муҳлати муайяншуда ҳисобот диҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала