Омӯзгорону хонандагон дар Тоҷикистон кай ба таътил мераванд: посухи вазорати маориф

© Sputnik / Стас ЭтвешШкольники в Таджикистане, архивное фото
Школьники в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Синфҳои якум аз 7 июн ва синфҳои 2 аз 14 июн ба таътили тобистона фиристода мешаванд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пас аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона фиристода мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо истинод ба Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимиро дарбар мегирад, ки ба 4 чоряк тақсим мешавад.
Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад.
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Омӯзгорони русро аз минтақаи даргирӣ дар Тоҷикистон кӯчониданд
Инчунин таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад.
Бояд гуфт, ки дар соли 2020 вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус-Ковид-19 Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарор қабул намуд, ки хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16 август ба таътили тобистона фиристода шаванд. Идомаи таҳсил аз 17 август оғоз гардид.
Аммо ҳоло, ки аз моҳи декабр дар Тоҷикистон дигар мавориди сироятшавӣ ба коронавирус сабт нагардидааст, аз ин рӯ синфҳои якум аз 7 июн ва синфҳои 2 аз 14 июн ба таътили тобистона фиристода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала