Мӯъҷиза: зани 25 - сола якбора 9 кӯдак таваллуд кард

Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Панҷ писар ва 4 духтарро зани африқоӣ якбора таваллуд кард. Пизишкон вазъи модару 9 фарзанди ӯро хуб арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Зани 25 - солаи африқоӣ ба якборагӣ 9 фарзанди солим ба дунё овард, хабар медиҳад РИА Новости.
Вазорати тандурустии Малӣ, ки ин зан сокини ҳамон ҷо мебошад, вазъияти модару ҳар 9 фарзанди ӯро хуб арзёбӣ мекунад.
"Ҳалима Сиссе тариқи ҷарроҳӣ 9 фарзанди солим таваллуд кард. Қаблан хонаводаи ӯ танҳо аз 7 фарзанди дар батнаш буда, хабар дод, вале ҳангоми ҷарроҳӣ пизишкон панҷ писар ва 4 духтари саломатро берун оварданд", - навиштааст Вазорати тандурустии Малӣ дар сафҳаи Фейсбукии худ.
Ба хабари таваллуд шудани 9 фарзанд, кишвардори Малӣ, Ба Ндау низ таваҷҷӯҳ кард. Ӯ супориш додааст, ки модару кӯдаконро барои назорати беҳтар ба бемористони марказӣ интиқол диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин як ҳодиса бемисл ҳанӯз соли 2016 дар Ҳиндустон рух дода буд.
Зани 42 - сола, Мария Фернандес якбора бидуни ҷарроҳӣ ва бо роҳи табиӣ 11 фарзанди солимро ба дунё овард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала