Боздошти "Эмоми каллабур" барои тирборон кардани милисаҳо ва қатли командир Куганов-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Эмомиддин Муродов, бо лақаби “Эмоми калабур” ва гуруҳаш бо иттиҳоми тирпарронӣ сӯи дидбонгоҳи милисаҳо ва қатли фармондеҳи гуруҳи таъйиноти махсус полковник Иззатулло Куганов хабар додааст
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, Муродов Эмомиддин, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Маданияти ноҳияи Кӯшониён ҳамроҳ бо бародараш Муродов Нуриддин ва Одинаев Саймуҳиддин бо иттиҳоми куштору сӯиқасди он боздошт гардидаанд.
Мақомоти умури дохилӣ иттилоъ додааст, ки Муродов моҳи апрели 1994 бо ҳамроҳии Тошев Исмоил, ба дидбонгоҳи мавзеи “Шаҳло” сӯи кормандони милиса оташ кушодаанд, ки дар натиҷа чанд нафар маҷруҳ шудаанд.
Манбаъ афзудааст, ки ин гуруҳ инчунин моҳи июни соли 1995 ҳангоми ҷанозаи шаҳрванд Асоев Хайриддин, командири бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, полковник Куганов Иззатулло Абдусамадовичро парондаанд.
Вазорати умури дохилӣ гузориш дод, ки боздоштшудаҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ махсусан дар дар шаҳрҳои Леваканду Бохтар ба ғорати шаҳрвандон даст задаанд.
ВУД аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар аз дасти Муродов Эмомиддин ва гуруҳаш ҷабр дидаанд, ба мақомот муроҷиат кунанд.
Назари бевоситаи худи Муродов ва афроди дигари боздоштшуда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала