Дуо дар ҳаққи қурбониёну 1 млн сом ба оилаҳояшон: ваъдаҳои Ҷабборов дар марз бо Тоҷикистон

© акс аз сомонаи президенти ҚирғизистонСодир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳангоми мулоқот бо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бо Тоҷикистон
Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳангоми мулоқот бо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бо Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, аз минтақаҳои осебдидаи кишвараш дар наздикии марз бо Тоҷикистон дидан карда, бо сокинон суҳбат кардааст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Содир Ҷабборов дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд дар бинои харобшудаи мактаб бо сокинон мулоқот карда, шахсан дар ҳаққи ҳалокшудагони муноқишаи марзӣ дуо хонд, хабар дод котиботи президенти Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, Ҷабборов изҳор дошт, ки аз имрӯз ба ҷои хонаҳои тахрибшуда сохтмони биноҳои нави замонавӣ оғоз гардида, дар давоми ду моҳ мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.
Раисиҷумҳури Қирғизистон ба оилаҳои ҳалокшудаҳо дар марз 1 миллион сом, ҳудуди 12 ҳазор доллари амрикоӣ кумакпулӣ ваъда додааст. Инчунин маҷруҳон низ аз 50 то 100 ҳазор сом кумакпулӣ хоҳанд гирифт, омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.
Қоҳир Расулзода, ба аёдати волидони Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ дар Ворухи Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расид, рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Тоҷикистон расман теъдоди кушташудаҳо ва захмиён дар марзро эълон кард: ном ба ном
Ҷабборов инчунин дар ноҳияи Лайлак ба сохтмони шаҳраки низомӣ санги асос гузошта, ваъда додааст, ки ояндаи наздик ба минтақаи Бодканд мақоми махсус дода хоҳад шуд. Ӯ таъкид намудааст, ки тамоми корҳои барқарорсозию кумак барои рушдро бевосита худаш назорат хоҳад кард.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Роҳ ба Ворух ва оғози тақсимот: тафсилоти созиши Ятимов ва Тошиев - санад
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала