Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии Эмомалӣ Раҳмон шуду курсиҳояш холӣ монданд: Ӯ кист?

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонНасриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин,ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин,ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзодаро ёрдамчияш оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин кардааст
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, дар мақоми ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзодаро иваз намуд, ки ахиран сафир дар Ӯзбекистон таъйин гардид.
Эмомалӣ Насриддинзода то ҳол вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ № 1 буда, роҳбарии Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро ба уҳда дорад.
Бо таъйинаш ба мақоми ҷадид, курсии вакилӣ ва роҳбари Кумита холӣ монд.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Эмомалӣ Насриддинзода соли 1966 дар вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, соли 1983 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмаликро хатм намудаст. Ӯ соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон
Мансаби нави Абдуҷаббор Раҳмонзода: сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон шуд
Насридинзода соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон” дифоъ намуда, соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи “Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” ҳимоя кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Балҷувон оғоз карда, аз соли 1993-2006 ассистент, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, аз 2003 то 2004 корманди Сарраёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ (дар байн) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2018
Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод
Солҳои 2003-2006 унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ, соли 2006 мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, солҳои 2006-2007 муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2007-2011 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносиии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст. Ӯ аз августи соли 2011 то 2016 дар мақоми декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ кор карда, солҳои охир дар парлумон кор кардааст.
Дар ҳолномааш омадааст, ки барои барои хизматҳои шоён ва намунавиаш дар соҳаи таълиму тарбия ва парвариши мутахассисони лаёқатманди ҷавобгӯйи бозори меҳнат бо нишони Аълочии маориф,медали “90 — солагии адлияи Тоҷикистон” ва мукофоти давлатии “Ордени Шараф дараҷаи II” сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала