Иштироки Президент ва 4 куҳансарбоз дар гузашти низомии Душанбе

© Sputnik Амир ИсаевПарк Победы в Душанбе, архивное фото
Парк Победы в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Интизор меравад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 8 май дар боғи Ғалабаи Душанбе дар назар аст, ширкат варзад
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон 8 май дар чорабиниҳои идона дар Боғи Ғалабаи Душанбе ва 9 май дар тантанаҳои бахшида ба Ғалаба дар ҶБВ дар шаҳри Маскав ширкат меварзад, хабар додааст “Авесто”.
Манбаъ аз қавли Шӯрои собиқадорони шаҳри Душанбе афзуд, ки дар иди Ғалаба дар Душанбе иштироки чор нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар аст.
“Дар ҷашн ба ифтихори Ғалаба сафирони давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд. Маросими гузоштани гулчанбарҳо баргузор мешавад. Дар боғи Ғалаба низ гузашти низомӣ баргузор мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ 94 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта дар Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон 168 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд.
Тамрини шабонаи гузашти низомӣ дар Майдони сурх - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Русия ба Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад: навори тамрини шабона дар Майдони Сурх
Бар асоси амри раисиҷумҳур, имсол барои ҳар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Фонди захиравии президент 10 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад ва иловатан мақомоти маҳаллӣ низ кумакпулӣ ироа хоҳанд кард.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҶБВ рафтанд, ки аз он ҳудуди 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд. Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон 64 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳодио Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала