Пардабардорӣ аз нимпайкараи Кароматулло Қурбонов дар Кӯлоб - видео

Обуна шудан
Нимпайкараи Кароматулло Қурбонов, овозхони шинохтаи тоҷик, дар пеши Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзои оилаи ҳунарманд ва мақомдорони тоҷик гузошта шуд
Пардабардорӣ рӯйи нимпайкараи ҳунарманди маҳбуби тоҷик, равоншод Кароматулло Қурбонов бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва фарзандони овозхон – Муҳаммадрофеъ ва Нозия баргузор гардид.
Муҳаммадрофеъ ва Нозия дар пайи пардабардорӣ аз нимпайкара миннатдорияшонро ба мақомоти тоҷик баён дошта, изҳор доштанд, ки барои аҳли байт ва мухлисони Кароматулло Қурбонов ин санаи муҳим мебошад. Онҳо афзуданд, ки талош мекунанд, давомдиҳандаҳои сазовори ҳунари падарашон бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2018 –ум бо имзои як қарор ба Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов мақоми ҷумҳуриявӣ дода буд.
Певец Кароматулло Курбонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2018
Муждаи мавлудӣ: Президент ба муассисаи ба номи Кароматулло Қурбонов мақоми ҷумҳуриявӣ дод
Кароматулло Қурбонов 29 ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Кароматуллоҳ аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқу ҳавас дошт. Ӯ нахустин сурудҳои худро дар овони мактабӣ суруда буд. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба шӯъбаи "мусиқӣ ва суруд" дохил гардида, онро бо мувафаққият хатм намуд.
Ӯ қурбони ҷанги бародаркуши Тоҷикистон шуд, ки шаби 18-уми октябри соли 1992 ҳангоми бозгашт аз як тӯй дар ноҳияи Ёвон кушта шуд.
Кароматулло Қурбонов тавонист тӯли умри кӯтоҳаш беш аз 7 албоми сурудҳои худро сабт намояд, ки аз 76 тарона иборат мебошанд.
Замони аз байн рафтани Кароматуллоҳи Қурбон, сароянда соҳиби се фарзанд - ду писар ва як духтар буд. Имрӯз, писари бузургии Кароматуллоҳ - Муҳаммадрофеъ ва духтараш Нозия роҳи ҳунарро интихоб кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0