Сел 15 хона ва ду пулро дар Хатлон хароб крад

© Фото : Группа "Дарвоз" в социальной сети Facebook Сел дар Даштак. Дарвоз
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз хисороте хабар дод, ки боришоти шадиди шаби 4 май дар пай доштааст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Бар асари бориши шадид дар деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод сел омада, бар асари он 15 хонаи истиқоматӣ ва ду пули мошингард зарар диданд.
Изатулло Имомов, сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Муъминобод иттилоъ додааст, ки хисорот бар асари боришоти шадиди шаби 4 май расонда шудааст. Айни замон аз ҷониби бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд, хабар додааст “Ховар” аз қавли Имомов.
Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Кӯҳпора роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахшро муваққатан баст
Манбаъ афзудааст, ки хисороти расида асосан аз беэътиноии худи сокинон ба амал омадааст, зеро онҳо мавзеъҳои обрави назди хонаҳояшонро тоза нигоҳ намедоранд. Дар натиҷаи чунин бориш ва омадани сел об вориди ҳавлиҳои истиқоматии онҳо мегардад.
“Ҳамчунин аз бориши ба амал омада бахше аз заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои ёрирасони заминҳои наздиҳавлигӣ зери об мондаанд. Дар ҷойи ҳодиса комиссия фаъолият дошта, ҳаҷми зарарро муайн менамоянд”, - омадааст дар иттилоия.
КҲФ ҳушдор дод, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар то 7 май идома мекунанд.
“Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ пешгӯӣ мешавад”, - таъкид шудааст дар матлаб.
Бо зикри ин КҲФ аз шаҳрвандон даъват дорад, ки зимни сафар ҳамеша аз эҳтиёт кор бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0