Тағйироти кадрӣ дар Қирғизистон: аз Тошиев то таъйини полковник ба роҳбарии Бодканд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузаштан ба хазинаи аксПредвыборная агитация в Киргизии
Предвыборная агитация в Киргизии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Дар Қирғизистон Конститутсияи нав мавриди амал қарор гирифт, ки тибқи он Ҳукумат ба кобинаи вазирон мубаддал шуда, ҳайату сохтори он тағйир ёфт
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар мақомоти иҷроияи Қирғизистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт, хабар додааст котиботи раисиҷумҳур, Содир Ҷабборов. Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла мақомҳои нави ноиби раиси кобинаи вазирон таъсис дода шудаанд.
Дар ҳайати нави кобинаи вазирон, Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон, ки бо изҳороташ дар Тоҷикистон низ шинохта аст, мақомашро ҳифз намудааст.
Дар тағйироти кадрии ахир инчунин бо фармони сарвазир, ҳокимони се ноҳияи вилояти Бодканд аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд. Аз ҷумла Учкунбек Ҷурабоев ба ҷои Оқилбек Орозов раиси ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд таъйин гардид. Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, яке аз омилони муноқиша дар дарғоти “Головной” – ро раиси ноҳияи Бодканд Оқилбек Орозов хонда буд, ки шаҳрвандони кишварашро ба муноқиша таҳрик додааст.
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Роҳ ба Ворух ва оғози тақсимот: тафсилоти созиши Ятимов ва Тошиев - санад
Инчунин ба мақоми раиси ноҳияи Лейлек ба ҷои Боймурод Бекмуродов Алмосбек Раҳманқулов таъйин карда шуд. Кутбидин Шокиров раиси ноҳияи Қадамҷой таъйин гардида, Абдиманап Жакбаровро иваз кардааст.
Инчунин ба иттилои мақомоти қирғиз роҳбари пешини вилояти Бодканди Қирғизистон, Омурбек Суваналиев бо хоҳиши худаш аз ин мақом истеъфо дода, сабабашро гузаштан ба кори дигар хонд.
Улукбек Марипов раиси кобинаи вазирон таъйин гардида, муовини аввалаш Артем Новиков, ноиб – вазири иқтисоду молия Улукбек Кармишаков ва муовини дигар - вазири рушди рақамӣ Азамат Дийканбоев таъйин шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала