“Узрхоҳии Тошиев аз ҳайати Тоҷикистон”: КДАМ видеоро сохтакорӣ хонд - навор

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксПарламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон навореро, ки дар он Қамчибек Тошиев аз ҳайати Тоҷикистон узр мепурсаду мақомдорони тоҷик табассум мекунанд, шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. КДАМ Қирғизистон навори узрхоҳии Қамчибек Тошиев аз ҳайати Тоҷикистонро, ки дар расонаҳои ин кишвар нашр гардидааст, сохтакорӣ хондааст.
КДАМ мегӯяд, ин видео таҳрир шудааст ва ҳадафи он бадном кардани Тошиев мебошад.

“Видеое, ки дар дар он Қамчибек Тошиев аз ҳайати Тоҷикистон узр мехоҳад, таҳрир шуда, ба бадномсозии роҳбари ниҳод равона шудааст”, - омадааст дар иттилоияи КДАМ, ки онро Sputnik Қирғизистон нашр кардааст.

Қаблан дар расонаҳои қирғизӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он Тошиев мегӯяд, “мо бо халқи муҳтарами тоҷик дар сулҳу оромӣ зиндагӣ хоҳем кард” ва дар идома омадааст, ки “моро бубахшед”. Дар навори паҳншуда инчунин миннатдории ҳайати Тоҷикистон бо табассум намоиш дода шудааст.
КДАМ Қирғизистон бо нашри изҳорот ин наворро таҳриршуда хонд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Қоҳир Расулзода, ба аёдати волидони Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ дар Ворухи Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расид, рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Тоҷикистон расман теъдоди кушташудаҳо ва захмиён дар марзро эълон кард: ном ба ном
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала