Сел дар Ашт роҳу пулҳоро хароб кард

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксПодмытая ливнями дорожное полотно на трассе, архивное фото
Подмытая ливнями дорожное полотно на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Дар пайи боришоти борони зиёд, шоми 6 май дар ҷамоати деҳоти Ашт сел фаромада, роҳу пулҳои маҳаллиро хароб кардааст
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Аз қисми навбатдории КҲФ вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки лойоба аз ҳудуди Аштсой берун шуда, баъзе аз хонаҳои сокинонро пур кардааст.
"Хушбахтона хисороти ҷонӣ нест. Ҳоло комиссия зарари расидаро муайян мекунанд" гуфт манбаъ аз КҲФ Суғд. Дар ҳамин ҳол Диловар Ҳамдамов, сардори КҲФ дар ноҳияи Ашт вазъи ба вуҷудомадаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
Бино ба иттилоъи ӯ, сел аз ҳудуди сойе, ки дар ҳудуди ҷамоат бо номи Аштсой маърӯф аст, берун шудааст.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Сел 15 хона ва ду пулро дар Хатлон хароб крад
“Дида мешавад, ки пулҳо ва роҳҳои маҳаллии деҳоти Пунук, Ошоба ва Ғудосро хароб шудаанд”, гуфт Ҳамдамов.
Диловар Ҳамдавом гуфт, ҳоло ин ҳисоби пешакӣ буда, феълан комиссияи вижа паёмади селро таҳқиқи мекунанд.
Бино ба гуфтаи ӯ ҳоло мақомот ва масъулини ҳукумат ба ҳисоби Зариф Мирдадо, раиси ноҳия ба маҳалли вуқуъи офат ба деҳоти Ашт сафар кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала