Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Директори мактаб: "қирғизҳо вақти дарс, оташ кушоданд, хушбахтона хонандаҳо осеб надиданд"

© Sputnik Абдухалил Халилов директор школы
Абдухалил Халилов директор школы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Обуна шудан
Мактаби таҳсилоти умумии № 71 дар ҷамоати Овчӣ Қалъача яке аз иншооти ҷамъиятии ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфта мешавад, ки рӯзи 29 апрел дар вақти дарсхонӣ, сарҳадбонони қирғиз ба рӯи он тир холӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Хушбахтона бар асари ин ҳодиса ба хонандаҳову омӯзгорон осеби ҷиддие нарасидааст. Абдухалил Халилов, директори МТУ № 71 дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вуқӯъи ин ҳодисаи мудҳишро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, рӯзи 29 апрел, тахмин соатҳои 16:30, сарҳадбонони қирғиз ба ҷониби тирезаҳои мактаб тир холӣ карданд. Дар вақте, ки басти дуюми дарсхонӣ дар ин мактаб ҷараён дошт.
“Чаҳор синфи 6 ва 7 дарсхонӣ доштанд. Аз зарби тир тирезаҳои мактаб шикаставу пора шуд. Хонандаҳову омӯзгорон аз ин ҳолат фарёд мезаданд”, - иброз намуд директори мактаб.
Дар замони рух додани ҳодисаи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон, хонандаҳои мактаб фавран аз синфхонаҳо берун кашида шуда, ба хонаҳояшон рухсат шудаанд. Бино ба гуфти Халилов ҳодисаи тирпарронӣ дар канори мактаб дар марз бо қирғизҳо то соатҳои 22 и шаб, ҳудуди панҷ соат давом кардааст.
© Sputnik Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Директори мактаб гуфт, дар вақти тирпарронӣ ба хонандаҳову омӯзгорон осеб нарасидааст, вале танҳо дар вақти кӯч доданд, аз шиддати баланди тарс, баъзе хонандаҳо ба мушкили равонӣ дучор шуда, шуморе аз омӯзгорон низ ба мушкили фишорбаландӣ гирифтор шудаанд.
“Дар зарфи 5 - 6 дақиқа ҳамаро аз ҳудуди мактаб кӯчонидем. Баъзеҳо аз шиддати баланди тарс замони рафтан ба хонаҳояшон ба замин афтида, ҷароҳат бардоштаанд. Хушбахтона ин ҷароҳати сабук аст”, - изҳор намуд Халилов.
Дар натиҷаи ин ҳодиса 37 тиреза, 5 дар ва девору мизу курсиҳои ду бинои таълимии МТУ № 71 и ноҳияи Б. Ғафуров, воқеъ дар ҷамоати Овчӣ Қалъача хароб шудааст.
Масъулин шурӯъи машғулиятҳои мактабиро дар МТУ № 71 боз доштанд. Сар аз рӯзи 4 май, баъд аз панҷ рӯзи муноқиша дубора хонандаҳо сари дарҳои худ баргаштанд.
© Sputnik Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Аммо аз он, ки дару тирезаи синфхонаҳои ду бинои таълимӣ хароб, ҳоло машғулиятҳои мактабӣ дар дохили бинои ошхона ва майдончаи варзишӣ доир мешавад.
Мактаби № 71 и ҷамоати деҳоти Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров дар наздикии марз бо деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷойгир аст. Зимнан дар ду баст дар ин мактаб 405 хонанда таҳсил мекунад.

Директор: тирпарронӣ сӯи мактаб, нақзи ҳуқуқи кӯдакон аст

Директори мактаб мегуяд, дар гузашта низ онҳо борҳо шоҳиди муноқишаи марзӣ бо ҷониби қирғизҳо буданд, вале ҳодисаи тирпарронии рӯзи 29 апрел онҳоро ҳайратзада кард. Ӯ кушодани тир ба сӯи мактаб аз ҷониби сарҳадбонони кишвари Қирғизистонро хилофи ҳама гуна созишномаҳои марзӣ ва Конвенсияҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак номид.
© Sputnik Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
“Мактабу маориф ба баҳси марзӣ чи иртибот дорад, ки ҷониби қирғизҳо сӯи мактаби мо тир кушоданд? Ин дар ҳолест, ки дар гузашта дар ин мактаби назди марзӣ чандин нафар шаҳрвандони Қирғизистон низ таҳсил карда шаҳодатнома (аттестатсия) и хатми мактабро гирифтаанд. Мутаасифона ин ҳолат аз лиҳози равонӣ ба хонандаҳо зарар расонид”, - гуфт Халилов.
Овчӣ Қалъача яке аз ду ҷамоати калонтарини ноҳияи Б. Ғафуров гуфта мешавад, ки бо кишвари Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Ин ҷамоат 18,4 километр бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳад дорад.
© Sputnik Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Ҳукумати шаҳри Исфара чанд рӯз қабл паёмади расида аз муноқишаи мусаллаҳони марзӣ бо Қирғизистонро дар деҳоти ин шаҳрро эълон намуд Зубайдулло Шомадов, иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар умум 55 манзили сокинони наздимарзӣ пурра ва қисман хароб гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ин омор дар пайи таҳқиқи комиссияи вижа аз ҷониби ҳукумати шаҳр тартиб дода шуд.
"Аз теъдоди умумӣ 17 манзили истиқоматӣ пурра хароб ва 38 хонаи дигар ба таъмир ниёз дорад", - афзуд манбаъ.
© Sputnik Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Масъулини ҳукумат, гуфтанд, ки сохтмони хонаҳои харобу валангоршудаи сокинонро дар зарфи як моҳ ба анҷом расонида мешавад. Аммо то кунун шумори бинову иморатҳои харобгашта дар ноҳияи Б. Ғафуров шарҳ дода нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки МТУ № 71 яке аз шумори иншоотҳои зарардида маҳсуб мешавад.

Муноқишаи марзӣ: аз сангзанӣ то тирпарронӣ

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар дар марз ба деҳоти шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров боис гардид.
Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Здание МВД Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вокуниши ВКД Тоҷикистон ба иттилооти расонаҳои Қирғизистон: дурӯғ нанависед
Бино ба хабари расмӣ бар асари муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафари ҳалок шуда ва 87 нафар захм бардоштанд. Аз ҷониби ҳукумат барои расонидани ёрии аввалия ба ҷабрдидаҳо дар маҷмӯъ 3 миллион сомонӣ кӯмакпулиҳо изтисос дода, то 70 ҳазор сомонӣ равона карда шуд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0