Таҳлил мекунанд: таъсиси гурӯҳи корӣ вобаста ба таҷдиди нархи неруи барқ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Обуна шудан
Гурӯҳи корӣ вобаста ба таҷдиди нархи неруи барқ аз ҳисоби кормандони салоҳиятдори вазорату идораҳои дахлдор дар назди Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки гурӯҳи корӣ тибқи супориши раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Гуфта мешавд, ки чанде қабл ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ баргузор гардид, ки дар он вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фикру хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.
Қайд шудааст, ки дар ҷаласа ба хулосае омаданд, ки бинобар сабаби пеш омадани зарурат ба дастрасии маълумот аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик” минбаъд ҷаласаи мазкур дар худи ширкат гузаронида шавад.
Установка умных счетчиков на ЛЭП  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2021
Беш аз 100 миллион кВт соат дар як сол: дар шаҳри Душанбе масрафи барқ афзоиш ёфт
Аз рафти баргузории ҷаласа дар сомонаи Хадамот иловатан маълумот пешниҳод мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 22 июни соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани нархи неруи барқ қарор қабул кард.
Арзиши қувваи барқ тақрибан 17% боло рафт. Дар ҳоли ҳозир аҳолии Тоҷикистон барои ҳар як киловатт неруи барқ 22,66 (1,98 сент) дирам ба ҷои 19,37 (1,87 сент) пардохт менамоянд. Ҳамин хел нархро истеъмолкунандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаи коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ пардохт мекунанд.
Дар давоми солҳои 2010-2019 нархи неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 маротиба афзоиш ёфт: аз 9 дирам аз моҳи январи соли 2010 то 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019.
Лентаи хабарҳо
0