“Хаймаи Рамазон"-и Маскав тоҷикону қирғизҳоро муттаҳид кард

Санаи 5 май дар пойтахти Русия дар “Хаймаи Рамазон" шоми Тоҷикистон баргузор шуд.
Хаймаи Рамазон дар наздикии Масҷид дар минтацаи Поклонная гораи Москва гузошта шудааст.
Ифторе, ки аз ҷониби сафорати Тоҷикистон ташкил карда шуд, мусалмонони Маскавро ҷамъ овард.
Дар ин ифтор роҳбарияти Идораи рӯҳониёни мусулмонони Русия ширкат варзиданд.
Хаймаи Рамазон дар минтақаи Поклонная гора на танҳо бо ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон, балки бо намояндагони бисёр миллатҳои муқими Маскав аз ҷумла қирғизҳо баргузор шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов зимни суханрониаш аз ҷанбаҳои асосии маънавӣ ва ахлоқии моҳи шарифи Рамазонро ёдрас шуд.
Сафири Тоҷикистон аз ҷавонон даъват кард, ки тарзи ҳаёти солимро омӯзанд, аз имкониятҳои кишвари мизбон истифода баранд ва ба иғвоҳо ва идеологияи харобиовари гурӯҳҳои шубҳанок дода нашаванд.
Ба меҳмонони шом филме дар бораи Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки дар бораи фарҳанг, анъанаҳо, имкониятҳои иқтисодӣ ва сайёҳии Тоҷикистон нақл мекунад.
Шом дар фазои дӯстона ва гарм гузашт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала