Ҳушдори HRW аз хавфи кам шудани маблағгузорӣ ба бахши тандурустии Афғонистон

© Sputnik / В. Киселев / Гузаштан ба хазинаи аксАфганские женщины, архивное фото
Афганские женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, ҳушдор дод, ки коҳиши ҳимояи молии Афғонистон аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ боис ба маҳдуд шудани дастрасии занон ба хадамоти тиббӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Ин созмонии ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, дар ояндаи наздик ҳам интизор меравад маблағгузорӣ боз камтар шавад, чун низомиёни хориҷӣ барои берун шудан аз ин кишвар омодагӣ мебинанд.
HRW дар гузорише, ки рӯзи 6-уми май нашр кард, маҳдудиятҳоеро номбар намуд, ки занон афғон ҳангоми гирифтани ёрии тиббӣ бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Созмон ҳамчунон аз бад шудани бахши тандурустии Афғонистон бинобар коҳиши кумакҳои байналмилалӣ гузориш додааст.
"Коҳиши маблағгузорӣ аллакай таъсири хатарноке барои ҳаёт ва зиндагии бисёре аз духтарон гузоштааст, чунки дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ коҳиш ёфта, сифати он поён рафтааст", - зикр шудааст дар гузориш.
Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
ИМА ва НАТО ба хуруҷи неруҳо аз Афғонистон шурӯъ карданд
Дидбони Ҳуқуқи Башар таъкид доштааст, ки созмонҳои кумакрасон мунтазир нишастаанд, ва интизоранд, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ Толибон бештари қаламрави кишварро зери назорати худ мегиранд ё на.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки барои кам кардани маблағгузорӣ ба хидматрасонии асосии тиббӣ, ки гуруҳои ёрирасон дар минтақаҳои ноамн ва зери дасти Толибон ба мардум мерасонанд, баҳона шуда наметавонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала