Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Истиқболи ҳамоҳангсози кишварии СММ аз тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба оташбас

© Sputnik / Стас ЭтвешМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати хориҷа хабар додааст, ки имрӯз, вохӯрии Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид.
Гуфта шудааст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Флаг на автомобиле кортежа ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Итиқболи САҲА аз оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазорати умури хориҷа зикр кардааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ба Ҳамоҳангсози кишварии СММ пурра иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла идомаи гуфтушунидҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот дод.
“Дар ин росто таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллу фасл кунад”, таъкид доштааст манбаъ.
Қайд шудааст, ки Сезин Синаноғлу аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ дар қитъаҳои наздисарҳадӣ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон истиқбол намуд.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва муассисаҳои тахассусии СММ-ро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала