Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷанге, ки Ҳусейнро аз Ҳасан ҷудо кард: қиссаи боз як қурбонии даргириҳои марзӣ

Ҳасан Акбаров, афсари марзбонии тоҷик
Ҳасан Акбаров, афсари марзбонии тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Ҳасан Акбаров, афсари марзбонии тоҷик, ки 29 апрели соли равон дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба шаҳодат расид, як хонаводаи бузургро ба мотам нишонд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Идибек Акбаров, бародари дуввуми марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 30 апрел аҳли хонаводааш хабар ёфт, ки Ҳасан дар даргириҳо захмӣ шудааст.
“Мо ҳамон рӯз огоҳ шудем, аммо аҳли деҳа рӯзи 29 апрел хабар будаанд. Бегоҳи рӯзи 30 – юм тақрибан соатҳои 7 – и бегоҳ ҷанозаи ӯро оварданд ва соати 8 – и субҳи 1 май ӯро ба хок супурдем”, - гуфт Идибек Акбаров.
Ҳасан Акбаров 23 августи соли 1990 дар деҳаи Аловуддини ҷамоати Фархори ноҳияи ҳамноми вилояти Хатлон ба дунё омада, пас аз хатми синфи 9 ба коллеҷи техникии шаҳри Душанбе дохил шуд ва онро бо ихтисоси устои телевизору компютер ба анҷом расонд.
Қоҳир Расулзода, ба аёдати волидони Ҳасани Сафархуҷаи Акбарзод – афсари сарҳадбоне, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ дар Ворухи Исфара қаҳрамонона ба ҳалокат расид, рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Тоҷикистон расман теъдоди кушташудаҳо ва захмиён дар марзро эълон кард: ном ба ном
Аммо ӯ кунҷи устохонаро нагирифт, роҳи зиндагиашро дигар кард. Ихтиёрӣ ба сафи артиш пайваст ва соли 2009 дар комендатураи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба хизмат пардохт.
“Хизмати хуби шоиста кард. Фармондеҳон ба ӯ пешниҳод доданд, ки дар сафи нерӯҳои марзбонӣ боқӣ монад”, - мегӯяд бародараш Идибек.
Ҳамин тавр, Ҳасан Акбаров моҳи майи соли 2011 хизмати сарбозиро анҷом дода, тирамоҳи ҳамон сол барои 6 моҳ бо нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шартнома баст ва корро дар қисми низомии 2611 – и “Дӯстӣ” – и шаҳри Душанбе сар кард.

Сутуни хонадон

11 майи соли 2013 падари Ҳасан - Сафархӯҷа Акбаров дунёи фониро тарк кард. Ҳасан он замон 23 сол дошт. Бо марги падар саробонии хонавода – чор писару ду духтар ба дӯши ӯ афтод, зеро писари калонии хонавода буд,.
“Аз бозе, ки падарамон гузаштанд, ҳама даҳони ӯро нигоҳ мекардем. Маслиҳат ин буд, ки рӯзи сеюми ид хоҳари калониамон - Шукронаро ба шавҳар барорем. Мунтазири ӯ будем, чун калони хонавода буд ва қисмати умдаи харҷи тӯю дигар даву тозашро ҳам аслан ӯ анҷом медод”, - қисса мекунад бародараш Идибек.
Ба қавли ӯ, вақте сарвари хонадон вафот мекунад, хешовандон ба Ҳасан маслиҳат медиҳанд, ки кори низомиро раҳо намуда, муҳоҷират равад ва бародарону хоҳаронашро хонадор кунад.
Погибший солдат в столкновениях между Таджиками и Кыргызами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
28 - сола ва падари се фарзанд: афсаре, ки дар марзи Қирғизистон кушта шуд
“Аммо ӯ кори низомӣ, ҳатто либосу патинкаи низомиро дӯст медошт ва аз он фахр мекард. Сарсупурдаи кор ва бачаи ҳалолкор буд. Якуним сол боз ба хона наомад, то харҷи тӯйи хоҳарамонро ҷамъ кунад. Бачаи хеле бананг буд. Мегуфт, меҳнати ҳалол кунем, ҳалол хӯрем. Ҳамин тавр, ду бародарамон – Ҳусейну Идибекро хонадор кардем”, - мегӯяд Идибек.
Ҳусейн ҳамтани Ҳасан аст. Ҳарду дугоник таваллуд шуда буданд. Ҳусейн бо мардикорӣ машғул аст. Идибек ҳам. Ду бародари дигарашон – Шарифбек дар яке аз қисмҳои низомии вазорати мудофиа кор мекунад ва Шодибек, донишҷӯи факултаи филологияи ДМТ аст.
Хоҳари бузургашон Нилуфар - донишҷӯи коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб ва хурдӣ Шукрона, ки дар интизори мошини дарздузии бародари бузург барои арӯсиаш менишишаст, хонашин аст.
“Мо ҳама дар ҳавлии бобоӣ зиндагӣ мекунем. Оилаҳои бародаронам, модараму хоҳаронам. Як амакам низ бо чор писараш, ки яке ҳам оиладор аст, бо мост”, - гуфт Идибек.
Фарзандони Ҳасан низ ҳоло ноболиғанд. Яке Азиза ном дораду 5 – сола аст ва дигарӣ, Муҳаммад, ки ҳамагӣ ду сол дошта, як дилкашоливу хушбахтии ҳамешагии падар дар зиндагӣ буд.

Роҳи охирин

Ҳасан Акбаров соли 2017 ба қисми низомии марзбонӣ дар Ворухи Исфара интиқол ёфт. Бори охир якуним соли пеш ба Фархор омада, модар ва дигар наздиконашро дида буд.
Идибек Акбаров мегӯяд, Ҳасан ҳаволии зуҳри 29 апрел бо модараш тамос гирифта, гуфта буд, ки дар вазифа аст ва аз ӯ хост, дуо кунад.
Муҳаммадулло, ҷавони кушташуда дар марз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Баъди Рамазон тӯй дошт: орзуҳое, ки командир Муҳаммадулло ба қабр бурд
“Зиёд гап намезанад. Фақат мегӯяд, ки модарҷон, дуо кун. Ҳамон шаб модарам хоби баде мебинад ва ба як ҳамсояамон нақл мекунад. Омада, ба яке аз янгаҳоям мегӯяд, ки хамин кунад ва пахтаҳоро рӯйи ҳавлӣ мебарорад, аммо ҳамсояҳо омада ҳамаро ҷамъ мекунанд. Онҳо аз марги Ҳасан хабар доштанду намегуфтанд. Мо ҳам намедонистем, ки тобути ӯ дар роҳ аст", - мегӯяд ӯ.
Дар бораи шаҳодати Ҳасан Акбаров ин қисса вуҷуд дорад, ки ӯ рӯзи 29 апрел замони шурӯъи тирандозиҳо дар маҳалли дарғоти “Плотина” – и деҳаи Хоҷаи Аъло бо теъдоде аз марзбонони дигар раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро ҳамроҳӣ мекард.
“Дар бадани Ҳасан ду захми тир дида мешуд. Як тир аз пушт аз тарафи дасти рост ва тири дигар аз ноҳияи зери дил ба баданаш хӯрда буд", - мегӯяд Идибек.
Вай афзуд, аз ин ки дар ҷои ҳодиса чӣ иттифоқ афтодааст, онҳо хабаре надоранд ва касе ҳам дар ин бора нагуфтааст, аммо аҳли хонавода шаҳодати фарзанди худро аз тақдири илоҳӣ медонанд ва ифтихор мекунанд, ки ӯ дар ҳифзи ватан ва хоку буми хеш ҷон фидо кардааст.
Ҳасан Акбаров, яке аз ҳудуди 20 низомии тоҷик аст, ки рӯзи 29 апрел дар даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳодат расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала