Обуҳавошиносон: боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

© alsudiz / PixabayПрогноз погоды
Прогноз погоды - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон кардааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ағбаҳо туманфаромада, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Люди купаются в фонтане Unisphere в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Гарм ва сард: чӣ гуна амрикоиҳо дар мавзӯи иқлим бо ҷаҳон бозӣ мекунанд
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала