Қурби рублу евро дар Тоҷикистон боз боло рафт

Рубль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард. Пули миллӣ нисбат ба рубл ва евро андаке беқурб шуд
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои имрӯз эълон кард.
Ҳамин тариқ, имрӯз як евро аз рӯи нишондоди БМТ то 13.6440 сомонӣ арзиш дорад. 4 май дар кишвар як евро 13.6361 сомонӣ арзиш дошт.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ин ниҳод арзиши 1 рубли русиро барои имрӯз дар Тоҷикистон 0.1517 сомонӣ нишон додааст. Бояд гуфт, ки санаи 4 май 1 рубли русӣ 0.1502 сомонӣ арзиш дошт.
Купюры долларов в унитаз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.6440 то 13.8000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1517 то 0.1530 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала