Русия гуфт, барои муҳоҷирон чӣ метавонад барои гирифтани шаҳрвандӣ асос шавад

Паспотр РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, барои зуд ба даст овардани шаҳрвандии Русия чӣ метавонад асос шавад
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Издивоҷ бо шаҳрванди Русия ба мӯҳлати на камтар аз се сол яке аз асосҳои маъмултарин барои дарёфти шаҳрвандии Русия барои хориҷиён дар солҳои 2020 - 2021 будааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар мусоҳиба бо ТАСС эълон кардааст.
Барои дарёфти шаҳрвандии Русия доштани шаҳрвандии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Молдова низ нақши муҳим доштааст. Барои шаҳрвандони ин кишварҳо, тартиби гирифтани шиносномаи Русия ба тариқи содда роҳандозӣ шудааст.
Председатель комиссии по миграции Совета по делам национальностей при Правительстве Москвы Юрий Московский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2020
Московский: соддагардонии дарёфти шаҳрвандӣ барои муҳоҷирону Русия манфиатовар хоҳад буд
Илова бар ин, яке аз асосҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия ин эътирофи муҳоҷир ҳамчун донандаи забони русӣ аст.
Вазорати корҳои дохилии Русия таъкид кардааст, ки бештар муҳоҷирон шаҳрвандиии худро тавасути кӯдакон гирифтаанд, ки дар қаламрави Русия таввалуд шуданд ва бо шаҳрванди Русия ақди никоҳ доштанд.
Ҳамчунин ин ниҳод қайд кардааст, ки иштирок дар барномаи кӯмак ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзии Русия низ метавонад барои гирифтани шаҳрванди асос шавад.
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Маълум шуд, чанд тоҷикистонӣ дар соли 2020 соҳиби шаҳрвандии Русия шуд
Аксар вақт қарор дар бораи додани шаҳрвандӣ ба хориҷиёнро шахсан Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар қабул мекардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ илова кард, ки дар соли 2020 беш аз 656 ҳазор муҳоҷирон шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд.
Зикр шудааст, ки дар се моҳи соли 2021 тақрибан 160 ҳазор нафар аллакай шаҳрвандии Русияро дарёфт карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала