Ҳунарнамоии сершумортарин ансамбл - 1 ҳазор гитаранавоз: рӯзи 7 май дар таърих

День 7 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Рӯзи ҳафтуми май дар Қазоқистон – Рӯзи ҳимояи Ватан таҷлил мешавад. Дар ин рӯз, соли 2010 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар бораи ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Украина хабар дод

Рӯзи 7 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1832 Юнон шоҳигарии мустақил гардид.
Соли 1994 дар шаҳри Ванкувери Канада ҳунарнамоии сершумортарин дар таърихи ансамбл иборат аз 1 ҳазору 322 нафар гитаранавоз баргузор гардид.
Соли 1997 Ширкати Intel расман микропротсессори Pentium 2-ро муаррифӣ намуд.
Участница вокального конкурса Ты супер! из Таджикистана Мехрона Гайбуллоева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2019
Меҳрона Ғайбуллоева ба "Ты супер!" бармегардад ва дар Кремл ҳунарнамоӣ мекунад
Соли 2018 намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева бо иҷрои таронаи сарояндаи машҳури Русия Земфира "Ман туро ҷустам" ("Я искала тебя") ба даври нимниҳоии озмуни "Ту беҳтарин" роҳ ёфт.

Рӯзи 7 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид.
Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоии бевосита бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки шаби 7 май ба амал омаданд, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар кард.
День 4 мая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Ҳалокати ҳайати дастаи футболи "Торино" дар садамаи ҳавопаймо: рӯзи 4 май дар таърих
Соли 2010 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар бораи ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Украина хабар дод.
Соли 2011 дар Исломобод Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон таъсис дода шуд.
Соли 2012 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаҳои футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ал-Амари"-и Фаластин бо ҳам сабқат намуданд.
Соли 2015 Созишнома дар бораи содагардонидани тартиби тиҷорат бо Созмони умумиҷаҳонии савдоро вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
День 2 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Зодрӯзи Мирзо Турсунзода: рӯзи 2 май дар таърих
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва қадршиносии ҷонфидоии бобоёну падарон дар ҷанг баҳри озодии насли оянда дар бораи расондани кумакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Амр имзо намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 май

Дар Қазоқистон – Рӯзи ҳимояи Ватан.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала