Ду садамаи маргбор дар як шабонарӯз: ВКД аз ҳалокати ронанда ва пиёдагард хабар дод

© КЧС ТаджикистанаМашина вылетела в реку Варзоб, архивное фото
Машина вылетела в реку Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
ВКД-и Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, санаи 6-уми майи соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Афлотунов Искандар, сокини ҷамоати деҳоти Козилдеҳи ноҳияи Ишкошим ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Хоруғ-Ишкошим-Тузқул”, дар километри 52-юми ҳудуди мавзеи “Колик” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷа, худи ронанда Афлотунов Искандар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Садамаи дигари маргбор ба иттилои манбаъ санаи 6-уми майи соли равон,сар задааст.
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Ҳалокати аробакаши солхӯрда дар садама
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Шарифов Исоқҷон, сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Исоев Диловаршоҳ, 73-солаи сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоиловро пахш намудааст.
ВКД таъкид доштааст, ки дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала