Санҷишҳои саросарӣ дар кишвар баъд аз таркиш дар НФС-и Душанбе: ВКД камбудиҳоро ошкор кард

На АЗС в Великом Новгороде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Дар чанде аз НФС-и пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ низ риоя нашудани қоидаҳои зиддисӯхтор ошкор шуд
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки пас аз сӯхтор ва сипас таркиши рӯзи 1 май дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар маҳаллаи “Испечак-2”-и пойтахт Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ санҷишҳо мегузаронад.
Гуфта шудааст, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ қоидаҳои нигаҳдории маводи сӯхту молиданӣ санҷида мешавад.
Cӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Таркиш дар маҳаллаи Испечак: банд шудани ҳаракати роҳу сӯхтори бузург-акс
Бино ба иттилои манбаъ, зимни санҷиши НФС “Эҳсонҷон”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муайян карда шуд, ки дар ин нуқта ба таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор диққати зарурӣ дода намешавад.
“Дар сипари оташнишонӣ ягон адад оташхомӯшкунак ва дигар олотҳои лозимии коршоям вуҷуд надоранду дар зери зарфҳои гази моеъ миқдори зиёди партовҳои сӯзанда нигоҳ дошта мешаванд”, - омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, интиқоли неруи барқи ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор қатъ гардонида шуда, нисбати роҳбари он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Сӯхтори 60 тон сӯзишворӣ ва ҷароҳати 11 нафар: шарҳи расмии таркиш дар Душанбе – видео
Ҳамин гуна қоидавайронкуниҳо дар 3 НФС дар ноҳияи Рӯдакӣ низ ошкор шуда, соҳибмулкони он ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд.
Зикр мегардад, ки чунин санҷишҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала