Тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои як рӯз ройгон мешавад

© Фото : MerosНациональный музей Таджикистана, архивное фото
Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Санаи 18 майи соли 2021 Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори ҳаштум чорабинии байналмилалии “Шабе дар осорхона” - ро мегузаронад. Ин чорабинӣ бон номи “Шабе дар осорхона” дар 120 кишвари олам ва 30 ҳазор осорхона ҳамасола баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Дар доираи эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ” ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 18 майи соли 2021 Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори ҳаштум чорабинии байналмилалии “Шабе дар осорхона” - ро мегузаронад.
Чорабинӣ фарогири сӣ маҳфили рангоранги фарҳангӣ буда, иштироки тамошогарон дар ҳамаи онҳо ройгон аст.
Сарпарасти кулли чорабинӣ Осорхонаи миллӣ, ширкатҳои “Сиёма” ва “МегаФон Тоҷикистон” мебошанд.
Ночь в музее в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2019
Биё меравем: боздиди ройгон аз осорхонаи миллии Тоҷикистон
Бояд гуфт, ки барномаи фарҳангию фароғатии "Шабе дар осорхона" яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, он бори аввал дар Тоҷикистон пас аз ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 доир шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилали осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала