Трамп шабакаи иҷтимоии худро рӯнамоӣ кард

© AP / Alex BrandonПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури собиқи Амрико дар рӯзҳои поёнии раёсаташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳрим шуда буд, ахиран аз ифтитоҳи шабакаи иҷтимоии худ хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Доналд Трамп аз роҳандозии шабакаи иҷтимоии худ бо номи From the Desk of Donald J. Trump хабар дод, иттлоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба торнамоии шабакаи хабарии Ал-Олам.
Трамп бо интишори видеои ин шабакаи иҷтимоии ҷадидро "маконе барои сӯҳбати озодона ва бехатар " тавсиф кард.
Вай бо хондани матне дар ин паёми видиёӣ гуфт, ки дар замони сукут ва дурӯғҳо, чароғе аз озодӣ сар бармеоварад.
Бар асоси гузоришҳо, ин шабакаи иҷтимоӣ фурсатеро барои раисҷумҳури собиқи Амрико фароҳам меоварад то паёмҳо, тасовиру видеоҳоеро мунташир кунад, аммо дар он имкони посух додан барои боздидкунандагон фароҳам нашудааст ва иртиботи Трамп бо мухотабонаш як турфа аст.
Тампа, Флорида - 24 октября: Кандидат в президенты от республиканцев Дональд Трамп обнимает американский флаг, когда он прибывает на митинг кампании в амфитеатре кредитного союза MidFlorida 24 октября 2016 года в Тампе, Флорида. До президентских выборов осталось 14 дней. Джо Рэдл / Getty Images / AFP (Фото Джо Рэдла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Трамп гуфт, ният дорад дубора президенти Амрико шавад
Пас аз ҳамалоти рӯзи 6 январи 2021 тарафдорони Трамп ба Конгресс, шабакаҳои иҷтимоии Твиттер, Фейсбук, Инстаграмм, Ютюб ва Снапчат тасмим гирифтанд ба далели истифодаи Трамп аз ин шабакаҳо барои таблиғи хушунат, тамоми сафҳаҳои раисҷумҳурии собиқи Амрикоро дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ бибанданд.
Дар ҳоле, ки имкон дорад сафҳаҳои Трамп дар Фейсбук ва Инстаграмм аз ҳолати таълиқ хориҷ шавад, аммо шабакаи иҷтимоии Твиттер эълом кардааст, ки сафҳаи Трампро дар ин шабакаи иҷтимоӣ барои ҳамеша бастааст.
Лентаи хабарҳо
0