Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи "Kazan Grand Slam” ноком шуданд - видео

© Таджикская федерация дзюдоКомроншох Устопириён
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021” дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон рақобатҳои худро бохтанд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 7-уми май - Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар аввалин рақобаташ аз Санширо Мураои ҷопонӣ мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи мазкур қаблан Абумуслим Қаюмзода ва Шаҳбоз Саидаброров - ҳарду дар вазни то 60 кило, Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев - ҳарду дар вазни то 66 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило ва Акмал Муродов дар вазни то 81 кило шикаст хӯрда буданд.
Ҳамин тавр, ҳамаи ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил буданд, дар ин мусобиқа ноком шуданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи “Kazan Grand Slam 2021” беш аз 400 варзишгар аз 79 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат карданд.
Варзишгарон ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ ва ҷоизаҳои молӣ шуданд. Ин охирин мусобиқа пеш аз қаҳрамонии ҷаҳон ва Олимпиадаи Токио буд.
Ҳамакнун варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки аз 6-ум то 13-уми июн дар Будапешти Маҷористон доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала