“Зиндаву зиндонӣ”: “Пол” - чирикии тоҷики Муқовимати Фаронса

© Из семейного архива Кодира РахимоваТаджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов
Таджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Обуна шудан
Зиндагии пур аз фоҷиаи ин нафар метавонад сужаи як филми хушанҷом бошад. Ин қабил сарнавиштҳо рӯи навор намеоянду нонавишта мемонанд, зеро даркашон хориҷ аз тавони мағзи инсон аст
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Қодир Раҳимовро сарнавишт дар синни 18 – солагӣ ба ҷабҳаҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм партоб кард ва пас аз 7 соли асорату зиндон, бадарғаву лодаракӣ ба ватан баргашт.
Ӯ 10 марти соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд (он замон Ленинобод) дар хонаводаи коргар ба дунё омада, орзу дошт, таҳсил кунад. Аммо 17-сола буд, ки Ҷанги Бузурги ватанӣ сар шуд ва 18 солро пур карду ихтиёрӣ ба сафи артиш рафт. Аввал ӯ дар омӯзишгоҳи низомии шаҳри Оренбург курси пулемётчиро гузашт. Сипас, ба ҷабҳаи Смоленск, вилояте дар ғарби Иттиҳоди Шӯравӣ, эъзом шуд.
Писари ӯ - Қаҳҳор Раҳимов қисса мекунад, ки падараш соли 1943 вориди майдони ҷанг шуда, дар хатти аввали ҷабҳа дар яке аз набардҳо ба асорат афтод.
“Хатте, ки падарам дар он меҷангиданд, таҳти бомборони артилерияи душман қарор мегирад. Он кас захми ҷиддӣ бардошта, беҳуш мешаванд ва якуним рӯз пас ба худ меоянд, ки дар шифохонаи душман хобанд. Дармеёбанд, ки асир шудаанд”, - мегӯяд Қаҳҳор Раҳимов.

“Легиони Туркистон”

Қиссаи асорати Қодир Раҳимов бо ин ҷолибтар мешавад, ки ӯро дар ихтиёри афроди “Легиони Туркистон”, баталёни зодагони Осиёи Марказӣ дар ҳайати артиши Олмон мегузоранд. Ин легион 16 ноябри соли 1941, ҳудуди 6 моҳ пас аз ҳуҷуми артиши Олмони нозӣ, дар Лаҳистон ва бо раҳбарии Валӣ Қаюмхон, як ӯзбектабори сокини Олмон, президенти худхондаи як кишвари тахайюлие ба номи “Туркистон”, таъсис ёфта буд.
Дар оғози он ҷанг теъдоди қобили мулоҳизаи сарбозу афсарони артиши Шӯравӣ ба асорат афтоданд, ки миёни онҳо зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – низ зиёд буданд.
© Из семейного архива Кодира РахимоваТаджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов с товарищами
Таджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов с товарищами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Таджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов с товарищами
“Немисҳо афроди хатнашударо яҳудӣ мепиндоштанд ва мепаронданд. Валӣ Қаюмхон ба роҳбарияти Олмон муроҷиат намуда, мефаҳмонад, ки инҳо на яҳудӣ, балки мусалмонанд. Ва ӯ пешниҳод медиҳад, ки аз ҳисоби онҳо як баталён ташкил дода, бо шиори озодии Осиёи Марказӣ аз дасти русҳо ба ҷанг фиристода шаванд. Ҳамин тавр, “Легиони Туркистон” таъсис ёфтааст”, - гуфт Қаҳҳор Раҳимов.
Афроди Легион Раҳимовро як муддати дароз истинтоқ намуда, таҳти фишор қарор медиҳанд, то вайро ба сафи худ ҷалб намоянд. Мегуфтанд, Шӯравӣ шикаст мехӯрад, шумо ба ватан баргашта, вазифаҳои баланд мегиред.
Аммо Раҳимов розӣ намешавад ва ӯро ба конслагер ё урдугоҳи кори иҷборӣ дар шаҳри Кёлтси Лаҳистон интиқол медиҳанд. Ин як урдугоҳе бо низоми шадид буд. Сарбозони Шӯравиро сахт таҳқир мекарданд. Дар як шабонарӯз ба як асир ду кулчақанд ва як истакон об медоданд.
Афроди “Легиони Туркистон” дар ин урдугоҳ сари Қодир Раҳимов “кор” карданд, аммо чун ба ҷое нарасиданд, аз баҳраш баромаданд.

Аспбон ва чирикӣ

Қодир Раҳимов, ба қавли писараш, як инсони тануманд бо қади қариб ду метр буду зуд ба чашм маълум мешуд. Нозиҳо аз миёни асирони Шӯравӣ ӯ ва чанд нафари мисли ӯро ҷудо намуда, ба нигоҳубини аспҳои калонсуму бузургҷуссае гумоштанд, ки дар ҷангҳо аз Иттиҳоди Шӯравӣ ғанимат гирифта буданд,. Теъдоди аспҳо зиёд мешавад ва нозиҳо онҳоро бо иттифоқи аспбонҳо тариқи вагонҳо аз Лаҳистон хориҷ мекунанд.
© Sputnik Ветеран ВОВ Кодир Рахимов
Ветеран ВОВ Кодир Рахимов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Ветеран ВОВ Кодир Рахимов
“Падарам мегуфтанд, вақте ба манзил расидем, намефаҳмидем, ки моро куҷо овардаанд. Як ҷангал буду қисми низомии нозиҳо. Тамом. Кори асирони шӯравӣ нигоҳубину шустушӯи аспҳо, омода кардани аробаҳо барои ҳаракат ва кашондани маводи ғизоиву либосворӣ барои немисҳо буд”, - қисса мекунад Қаҳҳор Раҳимов.
Даврони аспбонӣ тӯл накашид. Моҳи июни 1944 нерӯҳои олмонӣ дар Нормандия, музофоти шимолии Фаронса, таҳти бамборони шадиди нерӯҳои эътилофи Амрико, Бритониё ва ҳампаймонҳои онҳо қарор гирифтанд. Ин аввалин амалиёти бузург алайҳи Олмони нозӣ дар Фаронса буд.
Асирони шӯравӣ на фақат аз ин таҳаввулоти ҷангӣ огоҳ набуданд, балки намедонистанд, ки дар куҷои ин кураи хокиянд. Як рӯз ҳангоми бамбборон олмониҳо рӯ ба фирор оварданд ва Раҳимову ҳамраҳонаш низ аспҳоро раҳо карда, рӯ ба гурез ниҳоданд. Дар ҷангал онҳо бо як зани лаҳистонӣ ба номи Адам Войтала дучор меоянд. Аз ӯ мефаҳманд, ки онҳо дар Нормандияи Фаронса қарор доранд!
© Из семейного архива Кодира РахимоваТаджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов
Таджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Таджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов
Бо кӯмаки он зан онҳо ба сафи чирикиҳои фаронсавии Муқовимати Фаронса "Маки", таҳти фармондеҳии Поло Санеза афтоданд ва шомили як дастаи 80 – нафара таҳти фармони Эмил Банис шуданд. Қодир Раҳимовро ду асири дигар - Неъматҷон Маҳмудов, низ аз Хуҷанд ва Қамчибек Арабов, аз вилояти Ӯши Қирғизистон ҳамроҳӣ мекарданд.
“Чирикиҳо аввал ба онҳо бо шак медиданд, аммо баъдтар бовар карда, силоҳу либос, ҳар рӯз се бор хӯроки гарм, ҳатто маош медоданд. Чирикиҳо падарамро “Пол” ё “Павел” мехонданд. Намояндагони дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ низ миёни онҳо ҳузур доштанд”, - қисса мекунад Қаҳҳор Раҳимов.
“Пол” – и тоҷик фаронсавиёнро дар шигифт андохта буд. Ӯ танҳо асире буд, ки ҳамеша либосашро мешуст, ҷои хобашро муназзам нигоҳ медошт, ҷорӯб мезад, хӯрокро ашрофона мехӯрд ва бо дигарон хеле ҳалим буд. Забони фаронсавиро ҳам зуд омӯхт. Ҳар як амалиётро дақиқ ва моҳирона иҷро мекард. Дар умум, як ҷавони олуфтае буд. Кор ба ин ҷо кашид, ки фармондеҳ ӯро масъули хоҷагии ҷабҳа таъин намуда, тамоми пулу молу амвол ва силоҳро дар ихтиёри ӯ гузошт.
Ҳамин тавр, Қодир Раҳимов то сар омадани рӯзгори ҳукумати Гитлеру дору дастааш дар сафи чирикиҳои фаронсавӣ ҷангид.
© Sputnik Ветеран ВОВ Кодир Рахимов
Ветеран ВОВ Кодир Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Ветеран ВОВ Кодир Рахимов
Эмил Банис баъдтар аз фаъолиятҳои Муқовимати Фаронса китоберо таҳти унвони "Бонжур, Маки (Салом, Маки!)" ба нашр расонд, ки аксе аз чирикии тоҷики он - Қодир Раҳимов низ дар он ҷо дода шудааст.

Пориси амрикоӣ

Қодир Раҳимов ва ҳамроҳонаш аз хурсандии ин, ки дар ҷанг пирӯз омаданд, либосҳои партизанӣ ба бар карда, ба тамошои Белгия рафтанд ва чанд рӯз пас ба Париж баргаштанд, Он замон Париж таҳти нуфузи амрикоиҳо ва ҳампаймонҳояшон, ки Фаронсаро озод карда буданд, қарор дошт.
Дар Париж бо Жаннетта Вермерш-Торез, ҳамсари Мориз Торез, раиси Ҳизби Коммунисти Фаронса вохӯрданд. Ин гуруҳи чирикиҳои шӯравӣ таваҷҷӯҳи пулисро низ ҷалб кард. Онҳо боздошт, аммо зуд муваффақ ба фирор шуданд. Бори дувум вақте онҳоро дастгир намуда, дар ошёнаи панҷуми бинои пулис бандӣ сохтанд, боз фирор карданд. Дафъаи сеюм пулис онҳоро дастбанд зада, ба маҳбаси Бранденбурги Берлин фиристод. Ин маҳбас дар ихтиёри нерӯҳои Шӯравӣ буд.
© Sputnik Ветеран ВОВ Кодир Рахимов
Ветеран ВОВ Кодир Рахимов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Ветеран ВОВ Кодир Рахимов
Дар ин зиндон машаққатҳои Қодир Раҳимов оғоз ёфт. Ӯ ва рафиқонашро дар утоқҳои якнафара маҳкам карданд. Касе ба ин, ки онҳо кистанд, аз куҷо омадаанд, дӯстанд ё душман, гуноҳ доранд ё хайр, таваҷҷӯҳе накард. Ҳатто касе ба ҳарфи онҳо гӯш надод. Фақат мегуфтанд: “Дурӯғ мегӯед!”
Он замон ин суханони Иосиф Сталин, роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, сарнавишти асиронро ҳал карда буд: “Ҳар касе асир буд, хоини ватан аст”. Табъан ин афрод бояд зиндонӣ мешуданд.
“Баъдҳо ман ба падарам мегуфтам, ки Сталин ноҳақ буд. Аммо он кас рад карда, мегуфтанд, на, ӯ дуруст мегуфт, агар чунин сахт намегирифт, ғалаба намекард”, - мегӯяд Қаҳҳор Раҳимов.

Ранҷҳои тилоӣ

Охирҳои соли 1945 буд. Қодир Раҳимовро тариқи қатор аз Берлин ба Магадан, шаҳре дар шимоли Иттиҳоди Шӯравӣ, интиқол доданд. Қатор 64 рӯз роҳ паймуд. Бо асирон бархӯрди зишт мешуд. Масалан, моҳиро медоданд, аммо обро пеши чашмонашон ба замин мерехтанд.
© Из семейного архива Кодира РахимоваТаджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов
Таджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Таджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов
Ба болои ин, Раҳимов танҳо монда буд. Рафиқонаш бо ӯ набуданд. Намедонист, ки онҳо куҷо шудаанд. Зимнан, Неъматҷон ба Урал интиқол ёфта, пас аз озодӣ ҳамон ҷо оиладор шуда, мемонад ва солҳои 60 ба Хуҷанд омада, ҷон ба ҷонофарин таслим мекунад. Қамчибекро, бино ба ривоятҳо, ба ҳамон “Легиони Туркистон” “мечаспонанд” ва дигар аз ӯ хабаре нест.
Раҳимов дар Магадан дар кони тило ба кор эъзом мешавад. Баландии нақбҳои кон 1 метри 20 сантиметр буд. Агар кас қомат рост мекард, сангҳои нӯктези сақф баданашро хуншор месохтанд. Раҳимов мегуфт, дар ин кон аз 100 қариб 75 нафар ҷонҳои худро аз даст медоданд. Фақат зӯр зинда мемонд.
Абдураҳим Назаров, падари Қодир Раҳимов, хабар меёбад, ки писараш зинда, аммо зиндонист. Ӯ ба номи Прокурори генералии Иттиҳоди Шӯравӣ мактуб навишта, хоҳиш мекунад, ки ӯро таҳқиқ ва озод кунанд.
“Бобоям бовар доштанд, ки писарашон ҳеч гоҳ хиёнат намекунад. Муроҷиатҳои он кас кор дод ва падарамро озод карданд. Он кас соли 1949 тариқи Новосибирск ба Тошканд ва аз он ҷо ба Хуҷанд баргаштанд. Пас аз 7 сол”, - мегӯяд Қаҳҳор Раҳимов.

Ҳуҷҷати бегуноҳӣ

Қодир Раҳимов соли 1949 ба Техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соле пас онро бо ихтисоси муҳосиб ба поён расонд ва дар Комбинати консерваи шаҳр ба кор даромад. Аз ҳамон замон ӯ барои ба даст овардани ҳуҷҷате, ки бегуноҳии ӯро собит кунад, ба идораҳои зидахл мактуб мефиристод. Соли 1965 чун ба ҷое нарасид, маюъс шуд ва мактубнависиро қатъ кард.
“Соли 1975 ба падарам медали 30 – солагии Ғалабаро доданд, аммо соли 1985 дар 40 – солагӣ не. Аз ин кори комиссиариати Хуҷанд сахт парешон шуданд. Гуфтанд, ки ин оянда ба шумо зиён мерасонад, ман бояд худамро сафед кунам”, - мегӯяд писараш.
Қодир Раҳимов бояд ҳамразмонашро пайдо ва собит мекард, ки хоин набуд. Ба ин манзур, ӯ ба Маскав омада, бо Борис Стариков, раиси Кумитаи собиқадорони СССР – Фаронса вохӯрд. Ин кумита 40 нафарро ба Тоҷикистон барои таҳқиқи шахсияти ӯ фиристод. Дар бораи Раҳимов то он замон муаррихону рӯзномаҳо матлабҳо нашр карда буданд. Ӯ як шахси шинохта буд.
Комиссия бо фикри мусбат баргашт ва Раҳимовро ба Маскав даъват кард. Бо маслиҳати Стариков, ӯ тариқи рӯзномаи “Московские новости”, ки ба чандин забони дунё, аз ҷумла фаронсавӣ нашр мешуд, ба ҳамразмонаш дар Муқовимати Фаронса муроҷиат намуд, то аз худ дарак диҳанд.
© Из семейного архива Кодира РахимоваТаджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов
Таджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Таджикский партизан ВОВ Кодир Рахимов
“Барои чопи эълон ҳам падарам аз “филтр”-и КГБ – и Шӯравӣ гузаштанд. Онҳо як ҳафта шахсияти шуморо таҳқиқ мекунем, гуфта, рӯзи сеюм занг заданд ва гуфтанд, ки ҷурме надоред, метавонед эълонро чоп кунед”, - мегӯяд Қаҳҳор Раҳимов.
Ҳамразмон ҳам зуд аз худ дарак доданд. Онҳо ҳам ӯро ҷустуҷӯ мекардаанд, аммо аз рӯи ҳамон номи фаронсавиаш. Раҳимовро ба Фаронса даъват карданд, аммо ҳукумат иҷозаи сафар надод. Ҳамразмони ӯ дар Фаронса ба сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ муроҷиат намуда, масъули сафоратро қаноат медиҳанд. Ҳамин тавр, дар Маскав тайи 24 соат шиносномаи хориҷиву дигар санадҳои ӯву ҳамсараш барои сафар таҳия мешаванд.
“Баҳори соли 1986 падарам бо иттифоқи модарам бори аввал ба Фаронса рафтанд. Анатолий Потапов, рӯзноманигори маъруфи Шӯравӣ, бо онҳо рафта, ҳамаро сабт кард. Собит шуд, ки падарам воқеан дар канори чирикиҳои Фаронса ҷангидаанд, ҳатто ҳуҷҷатҳои маоши гирифтаашон ҳам пайдо шудааст. Сужаи ин сафар 5 дақиқа дар барномаи “Время” намоиш ёфт. Ҳамин тавр, падарам ҳуҷҷати бегуноҳии худро ба даст оварданд”, - мегӯяд Қаҳҳор Раҳимов.

Охирин сарбоз

Қодир Раҳимов, ҳатто писарони ӯ, борҳо ба Фаронса даъват шуданд. Фаронсавиҳо чандин унвону ҷоиза ва медал ба ӯ эъто карданд. Аз он сӯ ҳамразмонаш низ чанд маротиба ба Хуҷанд омада, сафарҳое ҳам ба Душанбеву Бухорову Самарқанд доштанд.
© Sputnik Сын ветеранп ВОВ Кодира Рахимова
Сын ветеранп ВОВ Кодира Рахимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Сын ветеранп ВОВ Кодира Рахимова
Писари Раҳимов қисса мекунад, ки модари 90-солааш як умр дар Хуҷанд зиста, ҳатто “Универмаг” – у бозори Панҷшанберо надидааст, аммо қасри шоҳони Парижу Музейи Луврро дидааст.
Соли 1991 ҳукумати Фаронса барои Қодир Раҳимов дар ҳаҷми 400 доллар нафақа таъйин намуд. Он то соли 2005 бевақфа тариқи сафорати он кишвар ба дасти ӯ мерасид.
Ӯ номи неки худро баргардонд. Ду бародар ва 5 фарзандашро соҳиби маълумоти олӣ кард. То охири умр на фақат хорӣ надид, балки як давлати воқеӣ сари фарзандону наберагонаш буд.
© Sputnik Могила Ветерана ВОВ Кодир Рахимова
Могила Ветерана ВОВ Кодир Рахимова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Могила Ветерана ВОВ Кодир Рахимова
Аммо танҳо чизе ҳамеша ӯро ба фикр фурӯ мебурд ва ашкро аз чашмонаш сарозер мекард, ин ҳақиқати фоҷиабори зиндагиаш буд, ки ҳамон рӯз – рӯзи ба ҷабҳа рафтан - бо ӯ ҳудуди 120 ҷавонмарди ҳамсинну соли ӯ савори қатор шуда буданд,аммо фақат чор нафар баргаштанд.
Ба амри тақдир аз миёни ин чор ҳам ӯ охирин буд.
Лентаи хабарҳо
0