Дави миллӣ ва куштии ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевТурнир по гуштингири в Душанбе
Турнир по гуштингири в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 16 май дар кишвар дави миллӣ ва сабқати ҷумҳуриявӣ дар намуди куштии миллӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор мешавад.
Ба итилои Кумита, имсол дар шаҳри Душанбе дави миллӣ 16 май соати 8:00 баргузор мегардад.
“Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз шуда, иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд”, - омадаст дар иттилоияи Кумитаи ҷавонону варзиш, ки “Ховар” нашр кардааст.
Чемпионат по таджикской национальной борьбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2020
"Mercedes-Benz" ва "Opel": паҳлавонони Тоҷикистон дар Ховалинг зӯрозмоӣ мекунанд
Таъкид шудааст, ки мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад.
Дави миллӣ ҳамасола дар Тоҷикистон бо фармони раисиҷумҳур аз 28 марти соли 2007 доир карда мешавад.
Соли равон дар баробари дав инчунин мусобиқаи ҷумҳуриявии куштии миллӣ дар назар аст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки мусобиқаи умумиҷумҳуриявии куштии миллӣ бо иқдом ва дастгирии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, 16-уми майи соли 2021, соати 09:00, дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Дар эълон аз хоҳишмандон ва варзишгарон даъват карда шудааст, ки дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала