Гусели Раҳмон ба Маскав: Кремл гуфт, ин сафар пеш аз таниши марзӣ мувофиқа шуд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ назди "Оташи ҷовидон" дар шаҳри Душанбе, ба Маскав парвоз кард
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати президенти Русия бо сафари корӣ ба шаҳри Маскав рафт, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ба иттилои котибот, дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Путин мулоқоти дуҷониба анҷом диҳанд.
Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайси раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба Паради низомӣ, ки бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба 9 май дар Майдони сурх баргузор мегардад, ташриф меорад.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Путин ва Раҳмон дар Маскав масъалаи марзро баррасӣ мекунанд
Котибот афзуд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ахиран Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тавофуқот барои сафари Раҳмон ба Маскав як моҳ қабл, пеш аз танишҳои марзӣ бо Қирғизистон ҳосил шуда буд.
Дар ин сафар баррасии масоили гуногун, аз амният то иқтисоду тиҷорат дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала