Гулчанбаргузории Президент, раисони парлумон ва вазирон назди “Оташи ҷовидон” дар Душанбе

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонМаросими гулчанбаргузории раисиҷумҳур, сарвазир, раиси Маҷлиси намояндагону Маҷлиси миллӣ назди "Оташи ҷовидон" дар Душанбе
Маросими гулчанбаргузории раисиҷумҳур, сарвазир, раиси Маҷлиси намояндагону Маҷлиси миллӣ назди Оташи ҷовидон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузуги Ватанӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузошт.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ин маросим ҳамчунин, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, сарвазири Тоҷикистон, вазири мудофиа, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ ва намояндагони дигар мақомотҳо ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.
Маросими гулчанбаргузории генералҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ назди Оташи ҷовидон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Гузориши аксӣ аз гулчанбаргузории Президент, раисони парлумон ва генералҳои тоҷик
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар боғи Ғалабаи Душанбе дар ҳолест, ки интизор меравад 9 май ӯ дар тантанаҳои идона дар шаҳри Маскав ширкат варзад.
Қаблан Шӯрои собиқадорони шаҳри Душанбе хабар дод, ки имсол дар иди Ғалаба дар Душанбе иштироки чор нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар аст.
“Дар ҷашн ба ифтихори Ғалаба сафирони давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд. Маросими гузоштани гулчанбарҳо баргузор мешавад. Дар боғи Ғалаба низ гузашти низомӣ баргузор мешавад”, - иттилоъ дода буд Шӯрои собиқадорон.
Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Амри Президент барои додани 10 ҳазор сомонӣ ба куҳансарбозони Тоҷикистон
Феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ 94 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта дар Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон 168 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт буд.
Бар асоси амри раисиҷумҳур, имсол барои ҳар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Фонди захиравии президент 10 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд ва иловатан мақомоти маҳаллӣ низ кумакпулӣ ироа карданд.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҶБВ рафтанд, ки аз он ҳудуди 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд. Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон 64 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳодио Шӯравӣ сарфароз гардонда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала