Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

“Ин пӯшоки синфи коргар аст”: Манижа интихоби либосро шарҳ дод

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Обуна шудан
Манижа, овозхони тоҷиктабор, ки дар озмуни Евровидение 2021 дар Роттердам Русияро намояндагӣ мекунад, интихоби либосашро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Манижа яке аз либосҳоро, ки бо он дар саҳнаи Евровидение 2021 ҳунарнамоӣ хоҳад, комбинезони сурх гуфт.
Овозхон шарҳ дод, ки ин либос бозгӯкунандаи он аст, ки ӯ намояндаи синфи коргар мебошад. Қаблан Манижа нахустин тамрини иҷроиши суруди Russian Woman- ро дар саҳнаи Ahoy дар Роттердам анҷом дод.
Нахустлибосе, ки Манижа дар бар дорад, аз пораҳои матоъ аз нуқтаҳои гуногуни Русия дӯхта шуда, баъдан шоуро бо комбинезони рангаш сурхи баланд идома медиҳад.
“Ин либоси синфи коргар аст. Намехостам аз ҳад зебо дар саҳна бошам. Паёми ман ин ки мехоҳам, синфи коргарро намояндагӣ кунам, зане аз санфи коргарро, ки бисёр кор мекунад, то муваффақ бошад”, - изҳор дошт Манижа зимни нишасти матбуотӣ.
Феълан Манижа барои иштирок дар озмуни Евровидение дар Роттердам қарор дорад.
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд. Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Кадр видео Manizha - Russian Woman - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Бархе аз ҷузъиёти ҳунарнамоии Манижа дар Евровидение – 2021 ошкор шуд
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд. Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
Лентаи хабарҳо
0