Путин муноқишаи марзии тоҷикону қирғизҳоро бо Мирзиёев баррасӣ кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев
Президент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо ҳамтои ӯзбекистонияш Шавкат Мирзиёев муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаааст
ДУШАНБЕ, 8 май - Sputnik. Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Ӯзбекистон 7 май зимни суҳбати телефонӣ вазъ дар Осиёи Миёнаро баррасӣ карда, аз муноқишаи ахири марзии тоҷикону қирғизҳо гуфтаанд.
Тибқи иттилои Кремл, Путин ва Мирзиёев дар пасманзари муноқишаҳои марзӣ, аз тавофуқоти Душанбе ва Бишкек барои ҳалли баҳсҳо тариқи сиёсӣ – дипломатӣ истиқбол кардаанд. Президентҳо омодагияшонро барои мусоидат дар муътадилсозии минбаъдаи вазъият баён доштанд, хабар дод Кремл.
Соли гузашта дар пайи як даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар посух ба хабарнигорон изҳор дошта буд, ки "мо аз шариконамон даъват меорем, ки роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд".
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2020
Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд
“Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳамон қадар хубтар аст”, - изҳор дошта буд Лавров.
Аммо Тоҷикистону Қирғизистон ин пешниҳодро рад карда, таъкид намуда буданд, ки масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳост ва танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.
Аз ҷумла Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён дошта буд, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқи мақсад намедонад.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2021
Шарҳи Тошиев дар бораи долон ба Ворух, харитаҳои пешин ва гуфтушуниди алоҳида
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.

Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала