Путин ба Раҳмон гуфт, коргар намерасад: ваъдаи шароити хуб барои муҳоҷирон - видео

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент РФ Владимир Путин и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав истиқбол карда, муҳимияти масъалаи муҳоҷиратро таъкид намуд
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бидуни шак масъалаи муҳоҷират муҳим аст ва ҳассосияти онро барои Тоҷикистон медонад.

“Албатта, масъалаи муҳим, ки шумо ҳамеша онро матраҳ мекунед, ин масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Медонам, ки ин як масъалаи ҳассос барои Тоҷикистон аст. Мо ҳама кори имконпазирро анҷом медиҳем, то одамон худро роҳат ҳис кунанд. Алалхусус ҳозир, ки дар бархе соҳаҳои иқтисодиёт коргар намерасад”, - изҳор дошт Путин.

Раисиҷумҳури Русия инчунин бо зикри он, ки муҳоҷирон ҳаҷми зиёди маблағро барои дастгирии оилаҳояшон мефиристанд, афзуд, ки ин як раванди комилан мусбат аст.
Таъкиди Путин ба масъалаи муҳоҷират дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои пайдо кардани ризқи худу хонавода озими Русия мешаванд.
Путин инчунин аз тиҷорат гуфт, ки бинобар пандемия каме коҳиш ёфтаст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки он дубора рушд хоҳад кард, чун заминаҳо барои ин ҷой доранду лоиҳаҳои хубро рӯи даст гирифтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон феълан дар шаҳри Маскав қарор дошта, интизор меравад, ки 9 май дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурх иштирок кунад. Дар мулоқот бо Раҳмон, Путин гуфт, медонад, ки сеяки тоҷикистониҳои рафта ба ҷабҳаҳои ҶБВ, барнагаштанд. Ӯ аз қаҳрамониҳои тоҷикистониҳо тавсиф намуда, изҳор дошт, ки Ғалаба ин иди муштарак аст.
Тибқи иттилои расмӣ аз Тоҷикистони он замон 1.5 миллион нафарӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, наздики 100 ҳазор нафар барнагаштанд. Беш аз 50 ҳазор тоҷикистониҳо барои корнамоиҳо дар ҷанг мукофотонида шуда, зиёда аз 60 нафар унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0