“Қул гуфтаст, ки мусофирбарро 30 метр дуртар манъ кард”: 58 ҳазор сомонӣ ҷаримаи Баротовҳо

© Sputnik / Амир ИсаевПассажиры заходят в маршрутку
Пассажиры заходят в маршрутку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Ҷанҷол дар Душанбе, ки ронанда аз ҷои гуфтаи мусофир 30 метр дуртар манъ кардаасту мусофир пулчинакро “қул” гуфта, норозигӣ баён намудааст, ба латукӯб печида, бо ҷарима дар ҳаҷми 58 ҳазор сомонӣ анҷомид
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бародарон Баротовҳо Муҳаммадюсуфи 34-сола ва Муҳаммадсаиди 32-соларо, ки дар мусофирбари иҷорагирифтаашон яке ронандаю дигаре пулчинак кор кардаанд, 58 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.
Тибқи қарори додгоҳ, бародарон Баротовҳо мусофиреро латукӯб кардаанд.
Тавзеҳ дода шуд, ки Баротовҳо бо мусофирбари “Мерсадес-спринтер” дар хатсайри 44 ба мусофиркашонӣ машғул шуда, шаҳрванд Шоҳинҷони Муҳаммадсаидро аз истгоҳи маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе савор кардаанд.
“Баъдан дар наздикии бозори “Меҳргон”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Меҳнат, мусофир Шоҳинҷон аз кондуктор Баротов Муҳаммадюсуф хоҳиш кардааст, ки мошинро боздоранд ва Муҳаммадюсуф ин хоҳишро ба ронанда расондаст. Аммо аз сабабе, ки автомашина дар қатори дуюми роҳ ҳаракат доштааст, ронанда Баротов Муҳаммадсаид аз ҷои гуфтаи мусофир тахминан 30-40 метр дуртар автомашинаро манъ кардааст”, - омадаст дар иттилоия.
Маршрутки в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2019
Ҷазои пулчини мусофирбар барои дағалӣ нисбати модари мусофир бо 2 кӯдак
Таъкид шудааст, ки дар ин муддат мсофир Шоҳинҷон асабонӣ шуда, то манъ кардани мошин 2-3 бор гапашро такрор карда, вақти фаромадан, пулчинак Муҳаммадюсуфро “қул” хитоб кардааст ва дар натиҷа аз тарафи чапи рӯяш мушт мехӯрад.
Дар иттилоияи додгоҳ омадааст, ки бародарон Баротовҳо мусофирро дашному латукӯб карда, бар асоси ташхис зарари миёна ба саломатӣ расондаанд.
Додгоҳ бародарон Баротовҳоро дар авбошӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 58 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала