Посухи Раҳмон ба суоли Путин аз вазъи Афғонистон: баъди эълони ИМА шиддат гирифт - видео

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Русия, Владимир Путин
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Русия, Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия зимни мулоқот дар Маскав назари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар мавриди он пурсид, ки рушди минбаъдаи вазъ дар Афғонистонро чӣ гуна мебинад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия гуфт, нигаронии ҷониби Тоҷикистонро дар мавриди вазъи Афғонистон асоснок медонаду афзуд, ки барояш донистани назари Эмомалӣ Раҳмон дар бораи раванди ҳаводис дар ин кишвар аҷоиб аст.
Владимир Путин дар зимн зикр намуд, ки таҳкими нерӯи пойгоҳи низомии 201 ва артиши Тоҷикистонро идома хоҳанд дод ва талош мекунанд, барномаи қабулшуда дар ин маврид саривақт иҷро гардад.
Президент РФ Владимир Путин и президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Путин ба Раҳмон гуфт, коргар намерасад: ваъдаи шароити хуб барои муҳоҷирон - видео
Эмомалӣ Раҳмон дар посух изҳор дошт, ки масъалаи рақами яки минтақавӣ эълони ИМА барои хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон мебошад.
“Онҳо амалан беш аз ними нерӯро берун карданд ва дарҳол баъди ин эълон вазъият дар дохили Афғонистон шиддат гирифт”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон ба Путин.
Раҳмон илова намуд, ки ҳудуди 60 дарсади сарҳади собиқ шӯравӣ бо Афғонистон ба Тоҷикистон рост меояд, ки қисми зиёди он шароити мураккаби куҳист.
Инчунин зикр шуд, ки имсол ҷониби Тоҷикистон раёсат дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба уҳда дорад ва ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала