Сабукӣ ба деҳқононро гумрукчиён ҷуброн мекунанд: нақшаи воридоти гумрукӣ зиёд шуд

© Sputnik / Амир ИсаевНашивка на форме сотрудника таможенной службы
Нашивка на форме сотрудника таможенной службы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Тоҷикистон тасмим гирифтааст, сабукиҳоеро, ки соли равон ба деҳқонон дод, аз ҳисоби гумрукчиён ҷуброн кунад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Холигии буҷаро, ки аз ҳисоби сабукиҳо ба деҳқонон дар соли 2021 ба вуҷуд меояд, гумрукчиён ҷуброн хоҳанд кард.
Кишоварзони тоҷик бо мақсади таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар шароити бемории сироятии фарогири COVID -19 барои соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда мешаванд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни суҳбат дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, барои ҷуброни ихтисори ин сарчашмаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ дар маҷмуъ 139,8 миллион сомонӣ равона мегардад.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Сабукӣ: вазир гуфт, кишоварзон имсол беш аз 256 миллион сомониро сарфа мекунанд
Аз ҷумла ба буҷаи ВМКБ дар ҳаҷми 1,2 миллион сомонӣ, вилояти Хатлон 49,1 миллион сомонӣ, Суғд 64,4 миллион сомонӣ, шаҳри Душанбе 1,5 миллион сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 23,6 миллион сомонӣ кумаки молиявии беподош аз буҷети ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегардад, иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли вазири молия.
Дар зимн бо пешниҳоди вазири молия ва ҷонибдории вакилон нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 139,8 миллион сомонӣ зиёд карда шуд. Қаҳҳорзода дар шарҳи афзудани нақшаи воридоти гумрукӣ изҳор дошт, ки ин ҷо дурнамои афзоиши ҳаҷми воридот, арзиши гумрукии мол дар соли 2021 ва тағйирёбии қурби миёнасолонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ то охири соли молиявӣ ба назар гирифта шудааст.
Дар пайи муаррифии вазир, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти дахлдорро ба қонуни буҷа барои соли 2021 қабул кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала