Тамрини ниҳоии гузашти низомӣ дар Маскав - навор

Обуна шудан
Тамрини ниҳоии гузашти низомӣ ба ифтихори 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх баргузор гардид
Дар тамрин ниҳоӣ ҳудуди 12 ҳазор нафар низомиён аз 37 қисм дар Майдони Сурх роҳпаймоӣ карданд. Дар гузашти низомӣ инчунин беш аз 190 намунаи техникаи муосир ва таърихии ҳарбӣ, аз ҷумла тонкҳои Т-34 ва Т-14 Армат, мошинҳои ҷангии пиёдагардҳои "Курганетс" ва ғайра намоиш дода шуданд.
Инчунин маҷмааҳои гардони оперативӣ-тактикии Искандер-М, системаҳои мушакии зенитии "Пансир-С" ва низомҳои С-400 "Триумф" дар тамрини гузашт иштирок доштанд.
Дар қисми ниҳоии тамрин гузашти ҳавопаймоҳо ва чархболҳо, дар маҷмуъ 76 адад техникаи авиатсионӣ дар осмони Маскав парвоз карданд. Аз ҷумла чархболҳои Ми-26, Ми-8, Ми-24, инчунин Ил-76, Ил- 78 - ҳавопаймои низомии нақлиётӣ ва Су-35S ва Су-24 парвоз карданд.
Қаблан низ дар Майдони Сурх ду тамрини шабонаи паради Рӯзи Ғалаба бо иштироки техникаи ҳарбӣ ва пиёдагардон аллакай баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0