Вазири молия аз пули хизмати аскарӣ гуфт: тақсим намешавад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанФайзиддин Каххорзода министр финансов Таджикистана
Файзиддин Каххорзода министр финансов Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба қонуни буҷаи давлат барои соли 2021 тағйирот қабул кард, ки марбути даромад аз хизмати ҳарбии пулакӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон аз даромадҳое гуфт, ки аз хизмати пулакӣ ба даст меоянд. Ӯ пешниҳод кард, ки ин маблағҳо аз ҳиссаҷудокуниҳо озод гарданд.

“Озод намудани маблағҳои пардохти хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ аз ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷети давлатӣ”, - яке аз бандҳое буд, ки вазири молия дар хитоб ба вакилон баён дошт ва онҳо қабул карданд.

Ин дар ҳолест, ки даромадҳои умумидавлатӣ дар ҷумҳурӣ, дар байни буҷаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бар асоси таносуби муайян тақсим карда мешаваyд. Аммо тибқи пешниҳоди вазиру тасвиби парлумон, даромадҳое, ки аз хизмати пулакӣ ба даст меоянд, аз ҳиссаҷудокуниҳо озод гардиданд.
Вазири молия тафсилоти бештар дар бораи ҳаҷму тартиби гирифтани пули хизмати ҳарбиро ироа накард, аммо модоме тағйирот ба қонуни буҷаи имсола қабул гардид, интизор меравад, ки ояндаи наздик ин иқдом амалӣ шавад.
Знак процента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Қурб тағйир ёфт: Тоҷикистон хароҷот барои пардохти қарзи берунаро зиёд кард
Бар асоси қонуни ҷадиди Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайян дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд. Тибқи тағйирот, шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шарҳи роҳандозии хизмати пулакӣ гуфт, “ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст”.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала