Афғонистон хун мегиряд: тобути 63 хонандаи ғӯрамаргро дар як теппа пайи ҳам дафн карданд

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Даҳҳо хонандагони ҷонбохта дар инфиҷори Кобул, имрӯз дар теппаҳои ғарби ин шаҳр ба хок супурда шуданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Афғонистон шумораи талафоти инфиҷори асри дирӯз дар баробари мадрасаи "Сайид -уш Шуҳадо" дар ғарби шаҳри Кобулро беш аз 60 нафар эълон кард.
Қаблан аз ҳалокати 53 нафар гузориш дода шуд.
Бар хабари расонаҳо, аксари қурбониёни ин ҳодисаи нангин духтарҳо буданд, чун ҳамла ба дабистони духтарона сурат гирифт.
Бар ин асари ин ҳодиса дасти кам 150 нафар захм бардоштанд.
Кишвардори Афғонистон, Ашраф Ғанӣ бар ин бовар аст, ки ҳамлаи мудҳишро ҷунбиши ҳаракати Толибон (манъ дар Русияву Тоҷикистон) анҷом доданд, вале намояндагони ин гурӯҳ масъулияти ин амали террористиро ба ӯҳда намегиранд ва баръакс онро маҳкум намудаанд.
Взрывы в Кабуле: кадры с места трагедии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Таркиш дар дабистони духтаронаи Кобул 53 кушта барҷой гузошт: Ғанӣ толибонро гунаҳкор кард
Ба навиштаи хабаргузории Tolo News, назди бинои мактаби духтарона нахуст мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд ва сипас ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт.
Ба гуфтаи муаллимони ин боргоҳ, ҳамла замоне рух дод, ки толибилмон аз бинои макотиб нав ба берун баромаданд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳо ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз рӯзи 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳи вилояти Лоҳур дасти кам 30 нафар кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала