"Аъло": гузашти низомӣ дар Маскав ба Путин ва Раҳмон писанд омад

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин на военном параде в честь 76-й годовщины Победы в ВОВ
Президент РФ В. Путин на военном параде в честь 76-й годовщины Победы в ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Кишвардорони Русия ва Тоҷикистон гузашти низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Пирӯзиро арзёбӣ карданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Гузашти низомӣ дар Майдони Сурх ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон писанд омад.
Пас аз гузашти низомӣ, роҳбарони кишварҳо аз трибунаи тамошобинон гузаштанд.
Дар ин лаҳза яке аз сокинон садо баровард: "Парад ба шумо писанд омад?"
"Аъло!" - посух дод Путин. Ва президенти Тоҷикистон низ бо мақбулият табассум кард.
Дар Русия ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ ҷашнҳо баргузор мешаванд.
Дар паради низомӣ дар Майдони Сурх 12 ҳазор хизматчӣ ва тақрибан 200 таҷҳизот ширкат карданд.
Президент РФ В. Путин и премьер-министр РФ М. Мишустин на военном параде в честь 76-й годовщины Победы в ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Раҳмон ва Путин ба майдони Сурхи Маскав ҳозир шуданд
Ғайр аз ин, 76 чархбол ва ҳавопаймо дар осмон парвоз хоҳанд кард.
Имсол Эмомалӣ Раҳмон меҳмони фахрии чорабинии тантанавӣ дар Майдони Сурх гардид.
Сарвари Тоҷикистон дирӯз дар доираи сафари расмӣ вориди Маскав шуд.
Ба гуфти сухангӯи Кремл Дмитрий Песков, ҳузури намояндагони давлатҳои дигар дар ин чорабинӣ пешбинӣ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала