Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Навҷувонов ва вазири қирғиз гуруҳҳои муштараки пулиси ду кишварро таъсис доданд

© Sputnik / Амир ИсаевГенерал-майор милиции Абдулло Навджувонов
Генерал-майор милиции Абдулло Навджувонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохила дар вилояти Суғд бо Вазири корҳои дохилаи Қирғизистон Улан Ниёзбеков вохӯрд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ва вазири умури дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков доир гардид.
Бар хабари Sputnik Қирғизистон, ҷонибҳо оид ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ, танзими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, риояи якҷояи қонуният ва тартибот мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин, Навҷувонов ва Ниёзбеков ба мувофиқа расиданд, ки дар марз навбатдории полиси ду кишварро барои таъмини татиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.
Манбаъ меафзояд, Вазорати умури дохилаи Қирғизистон ҳамоно ҳисоби хисорот аз таниши ахири марзиро идома медиҳад.
Силуэты людей в переходе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистониёнро аз Қирғизистон депорт мекунанд? шарҳи Вазорати корҳои дохилӣ
Маҳз ба ҳамин хотир вазири умури дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков ба вилояти Бодканд сафар кард.
Ӯ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави қисми низомии неруҳои дохилии № 707дар деҳаи Коктош шинос шуд.
Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала