Пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон Рӯзи Зафарро таҷлил кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксВоенный парад в честь 76-й годовщины Победы
Военный парад в честь 76-й годовщины Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон корнамоиҳои собиқадорони дивизияи тирандозии 201-ум ба ёд оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақаранд, 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ҷашн гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ.
Фармондеҳи ин созмон полковник Сергей Горячёв ҳангоми чорабинии тантанавӣ ҳайати шахсиро бо 9 май табрик гуфт.
"Дар мубориза бо истилогарони фашистӣ сарбозони Артиши Сурх, коргарони фронт ва партизанҳо қаҳрамонии бениҳоят фидокорона нишон доданд. Имрӯз мо аз шуҷоати падарон, бобоҳо, бобокалонҳоямонро, ки шаъну шараф ва истиқлолиятро ҳифз кардаанд, ифтихор мекунем", - қайд намуд Горячёв.
Горячёв махсус корнамоиҳои собиқадорони дивизияи мототехникаи 201- ро зикр намуд.
"Бигзор эҳтироми амиқ ба ҳама муҳофизони қаҳрамони Ватан дар дили одамон зинда бошад, ки фидокориҳои онҳо беҳуда нестанд", - афзуд ӯ.
Зимнан, хизматчиёни ҳарбӣ дар назди маҷмааи ёдгории Шӯҳрат ба Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия дар пойгоҳи низомии 201 гул гузоштанд.
Акция Бессмертный полк онлайн в День Победы 2021. Прямая трансляция
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
"Ҳанги Ҷовидон - 2021" пахши мустақим
Дар ҷараёни маросим ҳамчунин дақиқаи сукут низ эълом шуд. Дар хотима Горячев ҳарбиёни шоистаро бо медалҳои идоравӣ, тӯҳфаҳои арзанда ва сипосномаҳо сарфароз гардонд.
Ғайр аз ин, хизматчиёни ҳарбии 201-уми Русия барои аксияи "Девори хотира" тақрибан 3000 акс ҷамъ оварданд.
Аксҳои ҷамъоваришуда бо маълумоти мухтасар дар бораи сарбозони фронтӣ дар рӯйи биноҳои минтақаҳои истиқоматии шаҳрҳои ҳарбии Душанбе ва Бохтар овехта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала