Wall Street Journal: Амрико дар Тоҷикистон пойгоҳ сохтанист, аммо аз Русия ва Чин метарсад

© AP / Abdul KhaliqПатруль военных в Афганистане
Патруль военных в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Албатта ҳузури низомии Русия ва афзоиши нуфузи Чин дар минтақа барномаҳоро барои ҳаргуна истиқрори нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ печида мекунад
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Рӯзномаи Вол Стрит Журнал навишт, Иёлоти Муттаҳида тарҷеҳ медиҳад, пас аз хориҷ шудан аз Афғонистон, нерӯҳо ва таҷҳизотро ба Ӯзбекистон ё Тоҷикистон мунтақил кунад.
“Албатта ҳузури низомии Русия ва афзоиши нуфузи Чин дар минтақа барномаҳоро барои ҳаргуна истиқрори нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ печида мекунад”, - таъкид кардааст манбаъ дар истинод ба манобеи огоҳ.
Ин гузориш дар ҳоле мунташир мешавад, ки Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистони ҳафтаи гузашта ба ду кишвари Тоҷикистону Ӯзбекистон сафар кард.
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Амрико ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории сил дар беморхонаву зиндонҳо таҷҳизот дод
Тоҷикистон узви комил дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба раҳбарии Русия аст ва Ӯзбекистон агарчи узвияти худро дар ин иттиҳод дар соли 2012 ба ҳолати таълиқ даровард, бо ин вуҷуд ҳамчунон равобити иқтисодӣ ва амниятии қавӣ бо Маскав дорад.
Тибқи тавофуқномаи сулҳи миёни Толибону Амрико, давлати Иёлоти Муттаҳида мутааҳҳид шуд, то аввали моҳи май тамоми нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ кунад.
Аммо давлати Байден замони хуруҷи тамоми нерӯҳои Амрикоиро то 11 сентябр ба таъхир андохт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала