Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка с зонтиком
Девушка с зонтиком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Дар бархе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, вале ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи беориш мешавад, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2021
КҲФ: дар пойтахт ду ноболиғ ғарқ шуд: то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади кӯдаки 7-сола идома дорад
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Нарезные дольки арбуза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2020
Истеъмоли барзиёди тарбуз хатари ҷиддӣ дорад: ғизошинос гуфт ба кадом одамон
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала