Иқдоми рамазонии сокинони як деҳаи Суғд: аз 100 то 1,8 тон палави хайрия - акс

© Sputnik Сокинони Суғд оши хайриявӣ пухтанд
Сокинони Суғд оши хайриявӣ пухтанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Масъулияти пӯхтани оши хайриявиро Даврон Зокиров ба зима гирифта, барои иҷрои ин кор, чанде дигар аз ошпазҳо ва сокинони деҳа кӯмак мерасонанд
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Дар шароити гаронии нарху навои бозор, гурӯҳе аз сокинони деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар моҳи Рамазон ба як иқдоми камназир даст задаанд. Дар маркази ин деҳа ҳар шом то 150 кило ош, барои мардуми рӯзадор ройгон тақсим карда мешавад.
Бегоҳии 27-уми моҳи Рамазон, ё шаби Лайлатулқадр ҳудуди 1,8 тон оши палов барои то ду ҳазор мардуми рӯзадор тақсим шудааст.
© SputnikОши палави хайрия дар Суғд
Оши палави хайрия дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Оши палави хайрия дар Суғд
Масъулияти пӯхтани оши хайриявиро Даврон Зокиров ба зима гирифта, барои иҷрои ин кор, чанде дигар аз ошпазҳо ва сокинони деҳа кӯмак мерасонанд. Зокиров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз амали савобҷӯёнаи Маъруф Тоҷиев ном сокини Кулангир ном бурд, ки маҳсулоти лозим барои пӯхтани ошро, таъмин мекунад.
“Маҳсулотро он кас харида меоранд, дигар сокинони деҳа аз ҷумла ҳақу ҳамсояҳо, барои реза кардани сабзию пиёз, шӯстани биринҷ ва тақсим намудани ош кӯмак мерасонанд”, - зикр намуд ошпаз.
© SputnikДаврон Зокиров, ошпази палави хайрия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Даврон Зокиров, ошпази палави хайрия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Даврон Зокиров, ошпази палави хайрия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ӯ дар бораи пӯхтани ҳудуди 1800 кило ош дар бегоҳии шаби 27 уми Рамазон ё шаби Қадр нақл намуд. Дар иҷрои ин кор ба вай панҷ ошпазӣ дигари деҳа кӯмак расонидаанд. Барои пӯхтани ин миқдор ош, онҳо аз 150 кило равған, 550 кило сабзӣ, 150 кило пиёз, 120 кило гӯшт, 450 кило биринҷ ва дигар маҳсулот истифода кардаанд.
Даврон Зокиров гуфт, то ин муддат ҳам пӯхтани ба ин миқдор оши зиёдро таҷриба кардааст. Дар маросими баргузории иду ҷашнҳои расмӣ, роҳбарони воломақоми кишвар аз ин ҳунари ӯ, ситоиш кардаанд.
© SputnikПалави хайрия дар Суғд
Палави хайрия дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Палави хайрия дар Суғд
“Бори аввал дар шаҳри Кӯлоб як тон ош пӯхта будем. Дар шаҳри Душанбе низ даъват карда буданд. Соли гузашта дар замони мавриди истифода қарор додани меҳмонхонаи “Суғдиён” дар Хуҷанд беш аз як тона ош пӯхтем, Президенти кишвар ба кори мо аҳсан хонданд”, гуфт ӯ.
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки ин ҳунарро аз Хуршед ном як ошпази ҳамдеҳааш омӯхта, 14 сол ба ин тараф аз кафгир рӯзии ҳалол дарёфт мекунад. Сокинон пӯхтани оши тую сури худро ба ӯ вогузор мекунанд. Ҳукуматдорон борҳо дар замони ҷашнгирии идҳои расмӣ Истиқлолият, Наврӯз, Меҳргон, Сада ӯро барои пӯхтани ош, ба шаҳру навоҳии Душанбе, Ҳисору Кӯлоб ва Данғара даъват намудаанд.
© SputnikСокинон барои рӯзадорон оши палав пухтанд
Сокинон барои рӯзадорон оши палав пухтанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Сокинон барои рӯзадорон оши палав пухтанд
Зокиров дар бораи сирри пӯхтани оши лазиз суҳбат кард. Вай гуфт, агар ҳар корро бо шавқи том оғоз кунӣ, метавон аз натиҷаи хуби он умедвор шуд. “Кори пӯхтани оши бомазза ҳам дар ин ҷо истисно нест”, афзуд ӯ.
Зокиров мегуяд, роҳандозии чунин иқдоми Рамазонӣ, идомаи кору амали савобҷӯёнаи бузургсолони деҳа аст, ки солҳо ба ин тараф идома дар Кӯлангир идома дорад. Дар гузашта мӯйсафедони деҳа даст ба чунин иқдом мезаданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала