Посухи Прокуратура баъди огоҳиномаи Дастгоҳи президент: видеоҳои "облава" беасосанд

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Обуна шудан
Прокуратураи генералии Тоҷикистон баъди огоҳиномаи дастгоҳи президент ба муроҷиатномаи мардум дар бораи "облава" посух гуфтааст. Ниҳод таъкид кардааст, ки бештари наворҳое ки ҳамчун сарбозшикорӣ намоиш дода мешаванд, асос надоранд
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба муроҷиати дастаҷамъонаи садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ барои бартараф кардани зуҳуроти ғайриқонунии “облава” вокуниш нишон додааст.
Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Аммо бино бар иттилои рӯзноманигор, посухи прокуратура фаъолонро қонеъ накардааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба муроҷиатнома дар бораи "облава" ҳамон тавре посух дод, ки интизор доштем:"аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, наворҳои видеоӣ ба маъракаи даъват иртибот надоранд", - менависад вай.
Ёдрас мешавем, чанде пеш қаблан садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо як мактуби дастаҷамъӣ аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, роҳбари палатаи болоии парлумони кишвар хоста буданд, ба зуҳуроти ғайриқонунию шармандаовари сарбозшикор ва ё худ “облава” хотима диҳанд.
Ин муроҷиатнома дар пасманзари афзоиши хабару наворҳо, дар мавриди он, ки афроди номаълум аз кӯчаю хиёбонҳо ҷавонҳоро зӯран бори мошинҳо ё худ ба истилоҳ “облава” мекунанд, ирсол карда шуд.
Глава администрации президента Озода Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Огоҳинома: дастури дастгоҳи Президент ба Раҳимзода, Раҳмон ва Мирзо дар мавриди "облава"
Аммо прокуратураи генералӣ дар посух гуфтааст, "дар Тоҷикистон чунин ҳолат вуҷуд надорад".
"Прокуратураи генералии Тоҷикистон, бо имзои муовини Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ И. О. Зоирзода ба муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар бораи "облава" посух фиристода, мегӯяд дар Тоҷикистон чунин ҳолате ҷо надорад", - менависад ташаббускори муроҷиатнома Раҷаб Мирзо.
Афзун бар ин, пркуратура таъкид кардааст, ки "прокуратураи ҳарбӣ "дар даъвати баҳории соли 2021 дар кори комиссияҳои даъват таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бетараф кардани қонунвайронкуниҳо, бахусус ҳодисаҳои бо роҳи "иҳотагирӣ" ба хизмати ҳарбӣ даъват ва сафарбар кардани ҷавонон, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, беморон, аз тарафи масъулони комиссияҳои даъват содир кардани ҷиноятҳо чораҳои имконпазир андешидааст".
Ба қавли Раҷаб Мирзо, онҳо (мақомот - идора) гӯё ҳамаи матолиби нашршуда ва наворҳоро мавриди санҷиш қарор дода, "санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват робита надоштаанд".
"Ба ҳайси мисол танҳо аз як навореро ном мебаранд, ки он борҳо аз забони мақомот садо додааст, ки гӯё ҳамсари як ҷинояткор навори боздошти шавҳарашро сабту пахш кардааст", - афзудааст рӯзноманигор.
Боздошти Идибегов Имомалӣ Ҷурабекович бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
"Облава" набуд, ҷинояткорро боздошт кардем: санҷиши наворе аз сӯи ВКД
Раҷаб Мирзо таъкид кардааст, ки "маъмурони "Ахбор барои афкор" ин посухи Сарпрокурори ҳарбиро ба сифати як ҷавоби муносиб ва ҷиддӣ ба масъалагузориҳои худ ҳисоб накарда, ба ин назар аст, ки он ҳамон тавре интизор доштем, ба хотири "ҷавоб ба хотири ҷавоб" барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омода ва ба мо фиристода шудааст.
"Танҳо интизор дорем, ки ҳамон тавре дар поёни номаи худ навиштаанд, "наворҳоро ба мақомоти пешбарандаи фаъолияти операвтивӣ - ҷустуҷӯӣ ирсол кард", аз ин ниҳодҳо посухи ҷиддиро ба масъалагузориҳои худ пайдо мекунем", - таъкид кардааст Раҷаб Мирзо.
Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳои даҳшатнок хеле зиёд буданд ва бо чунин "посухҳо" имкони ҳалли мушкилоти вуҷуддошта вуҷуд надорад, афзудааст вай.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ дастур додааст, ки шикояти мардумро аз “облава” ё худ сарбозшикори ғайриқонунӣ баррасӣ намоянд.
Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон мобайнҳои моҳи апрел, баъди як ҳафтаи муроҷиати дастаҷамъонаи садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ барои бартараф кардани зуҳуроти ғайриқонунии “облава” вокуниш нишон дод.
РВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на облава, балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди “облава”: ин шармандагист
Он замон низ, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва ташаббускори ин муроҷиатнома хабар дод, ки аз Дастгоҳи раисиҷумҳур огоҳинома гирифтааст, ки номаи кушоди шаҳрвандон ба вазири мудофиа, вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ барои баррасӣ фиристода шудааст.
Мақомдорони баландпояи ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар пайи баррасии муроҷиатнома, натиҷаи онро ба таври хаттӣ ба Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур ва муаллифон хабар диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0