Абдуллозода бемористонҳои Данғара ва Кӯлобро санҷиду ба масъулин супориш дод

© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикистонБоздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз бемористонҳо дар Данғара ва Кӯлоб
Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз бемористонҳо дар Данғара ва Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Гаштҳои шабона ва рӯзонаи вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода идома дорад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Вазири тандурустӣ аз шароити хизматрасонии дармонгоҳҳои Данғара ва Кӯлоб шинос шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати беҳдошти ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, Ҷамолиддин Абдуллозода дар пайи идомаи гаштҳои шабона ва рӯзона аз бемористонҳои Данғара ва Кӯлоб боздид намуд.
Люди в медицинских масках на автобусной астановке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Вазорати тандурустӣ: вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил аст
Гуфта мешавад, Абдуллозода бо рафти табобати як қатор беморон шинос гардида, барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба масъулони беморхона супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон замони пандемияи коронавирус гашти шабона ва рӯзонаи пизишкон ва масъулони Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳарчанд дар Тоҷикистон муддати 5 моҳ ягон мавриди сироятшавӣ ба коронавирус сабт нагардидааст, вале иқдоми ҷоригардида то ҳол идома дорад.
Ба ҳамин минвол, намояндагони вазорат то ҳол хона ба хона мегарданд ва ҳамчунин муассисаҳои тандурустиро ба таври шабонарӯзӣ мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0