Бонки миллӣ ба “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои се сол иҷозатнома дод: чаро?

© Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе ночью, архивное фото
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Бонки миллии Тоҷикистон ба “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои анҷомдиҳии хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, қарори мазкур дар ин бора аз ҷониби Раёсати бонк санаи 7 май ба имзо расидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №192 “Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ - фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон”, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” оид ба анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати се сол иҷозатнома дода шуд.
Дафтари матбуоти Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Контрольно-диспетчерская вышка ГУП Таджикаэронавигация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Бонки миллӣ ба “Тоҷикаэронавигатсия” барои се сол иҷозатнома дод
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дода буд.
Бояд қайд кард, ки ҶCК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” сохторест, ки оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо хидматгузориҳои рӯизаминӣ карда, бо ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла “Тоҷик Эйр”, “Сомон Эйр” ва ғайра дар асоси қарордод кор мебарад.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 23 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷаи дур, 15 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва 2 ширкати маҳаллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Сомон Эйр” ба амал бароварда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала