Аз дастгоҳи президент ба парлумон: мақоми нави Идизода

© Facebook/Файзали ИдизодаФайзалӣ Идизода, вакили парлумони Тоҷикистон
Файзалӣ Идизода, вакили парлумони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон вакили нав, Идизода Файзалӣ Фузайлшо вориди парлумон шуд
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. КМИР Тоҷикистон ба Файзалӣ Идизода бар асоси рӯйхати пешниҳодшудаи номзадҳо аз ҳизби ҳокими ҲХДТ мандати вакилӣ дод.
Бар асоси қарори КМИР, Идизода дар парлумон Абдураҳим Холиқзодаро иваз намуд, ки ба вазифаи мудири Маркази исломшиносӣ дар назди Президент таъйин шуд.
Идизода Файзалӣ Фузайлшо то гузаштанаш ба парлумон ба ҳайси вакил дар вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекард.
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Баъди фармони Президент: ваколатҳои вакил Холиқзода пеш аз муҳлат қатъ шуданд
Ӯ дар феҳрасти номзадҳо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии соли 2020 пешниҳод гардида буд.
Бар асоси ҳолнома Файзалӣ Идизода, 3 январи соли 1977 дар ноҳияи Рашт таваллуд шуда, узви ҲХДТ мебошад.
“Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Русияро дар шаҳри Маскав бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Идизода фаъолияташро аз пулиси андозу додситонии ҳарбӣ оғоз намуда, баъдан дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгору ноиби декан кор кардааст. Ӯ инчунин дар мақоми ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолият дошт.
Лентаи хабарҳо
0